Гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16-уми июн дигарбора дар назди бинои ҳукумати ноҳия ҷамъ шудаанд. Онҳо мегӯянд, гуфтушунидҳои пешина бо раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ва маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон натиҷа надоданд.
Мақомоти амниятӣ хостори таслим кардани чанд сокини ноҳияи Рӯшон, аз ҷумла Ёдгор Ғуломҳайдаров, узви Иттиҳоди пешини нирӯҳои мухолифини тоҷик ҳастанд, ки ба қавли онҳо "ҳангоми амалиёт халал расондаанд". Мардум мегӯянд, онҳо гуноҳ накардаанд ва набояд ба дасти мақомот супурда шаванд.
Як намояндаи ҳукумати ноҳияи Рӯшон рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мардуми норозӣ дар назди ҳавлии ҳукумат ҷамъ омадаанд ва раиси ноҳия бо онҳо суҳбат дорад. Вай гуфт, "тақрибан 70 нафар омадаанд, ки бо раиси ноҳия суолу ҷавоб кунанд".
Далер, сокини ноҳияи Рӯшон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мақомот даҳ рӯз муҳлат додаанд, то афроди гумонбар худро ба дасти онҳо супоранд, аммо касе гуноҳи онҳоро намегӯяд ва ҷурмашон ҳам маълум нест".
Ба гуфтаи ин ҷавон, дар сурати радди талабот мақомот таҳдид кардаанд, ки ба зидди 109 нафар парванда мекушоянд. "Ин 109 нафар кӣ ҳастанд ва гуноҳашон чист, ягон кас намедонад", - мегӯяд Далер.
Мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Талаби асосии таҷаммӯгарон дар маркази ноҳияи Рӯшон, ба гуфтаи онҳо, пурра қатъ кардани таъқиб нисбат ба Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамсафонаш аст. Қаблан як манбаи наздик ба мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров, узви Иттиҳоди пешини мухолифини тоҷик (тарафи ҷанги шаҳрвандӣ) нагузоштааст, се гумонбар дар ноҳияи Рӯшон боздошт шаванд.
Қазия рӯзи 22-юми майи имсол аз боздошти сокини 44-солаи деҳаи Барӯшон Шароф Қобилов сар шудааст. Хабаргузории давлатии "Ховар" иттилоъ дода буд, ки "ҳангоми амалиёти боздошт Шароф Қобилов бо корд ҳуҷум карда, сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ Чуянов Самариддинро захмӣ кардааст."
Ба нақл аз мақомоти расмӣ Қобилов раҳбари гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир унвон шудааст.
Баъд аз ҳабси Шароф Қобилов, ба гуфтаи як шоҳиди воқеа, кормандони амниятӣ барои дастгир кардани афроди дигаре омаданд, ки гуфта мешавад, ба ин амалиёти онҳо халал расондаанд. Ҳангоми боздошти гумонбарон Ёдгор Ғуломҳайдаров нагузоштааст, ки маъмурони амниятӣ ду наврасро бо худ баранд.
"Бо дахолати ӯ наврасон боздошт нашудаанд, вале рӯзи дигар дар пеши “Пули сафед”-и ноҳияи Рӯшон, вақти баргаштан аз тарафи Хоруғ, пулис мошини Ёдгор Ғуломҳайдаровро манъ ва ӯву ҳамсафаронашро ҳабс кард. Ҳамин хабар сабаби гирдиҳамоии сокинон мегардад, ки ҷамъ шуда, ҳангоми интиқоли ин боздоштшудаҳо аз раёсати КДАМ-и ноҳия ба заставаи марзбонӣ онҳоро аз дасти амниятиҳо раҳо мекунанд", - нақл кард шоҳиди ҳодиса. Вале мақомот дар ин бора тафсилот надодаанд.
Тақрибан як ҳафта радду бадал миёни мақомот ва сокинони ноҳияи Рӯшон дар бораи гунаҳкорӣ ва бегуноҳии Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамсафонаш ва таслими онҳо идома кард.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Ёдгор Файзов рӯзи 1-уми июн пас аз мулоқот бо сокинони ноҳияи Рӯшон гуфт, ҳалли мушкили марбут ба ихтилофи байни мардум ва мақомоти интизомиро бар дӯши худ мегирад. "Ман шахсан ин мушкилиро бар дӯши худ мегирам. Аз ин ба баъд ин проблемаи ману Ёдгор аст. Ваъда медиҳам, ки ин корро то охир пайгирӣ мекунам. Шумо ташвиш накашед", - таъкид кард ӯ.
Зоҳиран масъала ҳал нашудааст ва баъди бештар аз ду ҳафтаи мулоқоти раиси вилояти Бадахшон сокинони ноҳияи Рӯшон дигарбора дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омаданд.