Кормандони чанд корхонаи муҳими Тоҷикистон аз нагирифтани маош шикоят мекунанд

Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки кормандони чанде аз корхонаҳои бузург ва сохтмонҳои азим аз нагирифтани музди кор шикоят мекунанд, мудирияти ин ниҳодҳо вазъро шарҳ намедиҳанд. Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бар ин аст, ки қарзи маош дар Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27 дарсад бештар шудааст.​

Бино бар шикоятҳо, коргарони бархе аз бахшҳои корхонаи алюмин​ -- "Талко" 3 моҳ инҷониб ва коргарони чанде аз ниҳодҳои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз моҳи январ ба ин сӯ маош нагирифтаанд. Муқоисаи арқом нишон медиҳад, ки пардохт нашудани маош дар корхона ва муассисаҳои Тоҷикистон ба сатҳе расидааст, ки аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум дида нашудааст.

Дар Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то 1-уми апрели имсол (охирин омори дастрас) қарзи маош дар Тоҷикистон беш аз 51 миллион сомониро ташкил додааст, ки аз сатҳи соли гузашта 27 дарсад зиёдтар аст. Аммо, ба гуфтаи масъулон, афзоиши қарзи маош на дар се моҳи соли равон, балки бештар дар давоми соли гузашта ҷамъ шудааст.

Бино ба омори расмӣ, беш аз ҳама дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, баъдан нақлиёт ва хоҷагии анбор ва дар саноати коркард кордиҳандагон маошро напардохтаанд ва аз онҳо қарздоранд. Беш аз 75 дарсади кулли қарзи маош дар ҷумҳурӣ ба ин се соҳа рост меояд.

"Мағозаҳо дигар ба қарз хӯрок намедиҳанд"

Рӯзи 10-уми июн устодони Коллеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун, ки низ аз буҷаи Ҷамъияти саҳомии нирӯгоҳи Роғун маблағгузорӣ мешавад, аз пардохт нашудани маош шиква карданд.

Як устоди омӯзишгоҳ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ӯ ва ҳампешагонаш аз моҳи январ инҷониб маош нагирифтаанд. Вай гуфт, аз ин вазъият ҳама ошуфтаву парешонанд ва зиндагиашон ба ҳам задааст.

"Бовар мекунед, чанд моҳ шуд, ки барои фарзандон аз мағоза ба қарз хӯрокворӣ мегирем. Бо ваъдаи он ки маош шавад, медиҳем. Ҳеч не ки маош шавад, ҳоло шарм мекунам ба ин мағоза наздик шавам. Чунки дигар рӯям намешавад қарз пурсам", - иброз дошт омӯзгор.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, мудирони мағозаҳои атрофи Роғун дафтарҳои бузурге доранд, ки дар он рӯйхати қарздоронро менависанд. Дафтарҳо пур шудааст, ба ҳадде, ки дигар пуле барои гардон кардани мағозаашон надоранд. "Баъзеҳо дигар қарз намедиҳанд, чунки қарз диҳанд кори мағозаашон пеш намеравад", - иброз дошт ӯ.

Самариддин Ёқубов, мудири омӯзишгоҳ аз суоли Радиои Озодӣ, ки чаро маоши омӯзгорон пардохт намешавад, оташин шуд ва гуфт, "кӣ ба Радиои Озодӣ чунин арз кардааст, ҳамон нафар сабабашро гӯяд. Чаро ба Радиои Озодӣ арз мекунанд, магар радио ба онҳо маош медиҳад? Чаро ба назди мо омада, шикоят намекунанд, кист он шикоятгар?"

Ёқубов пардохт нашудани маоши кормандонро рад накард, аммо боз ҳам посух нагуфт, ки чаро ҳаққи заҳмати зердастонаш дода намешавад.

Кандукови Радиои Озодӣ ва суҳбат бо ҳадди ақал 5 сохтмочии нирӯгоҳи "Роғун" собит кард, ки онҳо низ аз 4 то 5 моҳ боз маош нагирифтаанд. Ҳамсуҳбатон аз бими "мабодо аз кор ронда нашаванд", танҳо бо шарти набурдани номашон ҳозир шуданд, суҳбат кунанд.

Вале аз суҳбат бо кормандони нирӯгоҳ маълум шуд, кор дар "Роғун" шабонарӯз ва бо реҷаи муқаррарӣ идома дорад ва тавре яке аз ҳамсуҳбатон гуфт, "як дақиқа ҳам бас намешавад".

"Мо фарзанди угайем?"

Ба нақли ҳамсуҳбатон, аз миёни тақрибан 25 ҳазор коргар, ки дар сохтмони "Роғун" фаъолият доранд, коргарони ширкати итолиёвии “Солини импреҷило”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ширкатҳои русӣ сари вақт маош мегиранд, аммо онҳо не.

"Чаро ба коргарони ширкатҳои хориҷӣ сари вақт маош медиҳанд, ба мо не? Ба коргарони ширкатҳои итолиёвӣ ва русӣ медиҳанд, ба ширкатҳои дохилӣ ва эронӣ намедиҳанд, моҳҳо интизор мешавем. Мо фарзанди угайем?" - суол гузошт яке аз ҳамсуҳбатон.

Ба гуфтаи коргарон ҳафтае пеш Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон масъули сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" дар ҳукумат аст, ба маҳалли сохтмон рафта, дар ҳузури коргарон ваъда кардааст, "ба зудӣ маош мешавад". Коргарон мегӯянд, аз ваъдаи Расулзода як ҳафта гузашт, аммо аз маош дараке нест.

Металгудозони "Талко": 3 моҳ маош нагирифтаем

Дар ҳамин ҳол, кормандони яке аз корхонаҳои дигари азими Тоҷикистон - корхонаи тавлиди алюминиюми тоҷик - "Талко" дар шаҳри Турсунзода мегӯянд, 3 моҳ боз маош нагирифтаанд.

Игор Сатторов, роҳбари Департаменти иттилоот ва таҳлили "Талко", рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз густариши коронавирус "корхонаҳои алюминий дар ҷаҳон зери фишор монданд, нархи метал арзон шуд ва бисёре аз ширкатҳо коргаронро аз кор озод карданд".

"Талко" низ зери фишори молиявӣ қарор гирифт ва ширкат барои харидан ва овардани ашёи хом талош кард. "Агар ашёи хом нахарида, музди коргаронро медод, ширкат маҷбур мешуд истеҳсолотро қатъ кунад", - иброз дошт ӯ.

Сатторов гуфт, бо одӣ шудани вазъият "Талко" талош мекунад, аввал маоши коргаронро диҳад.

Коронавирус кормандони нақлиёти ҳавоиро низ аз маош маҳрум кард

Дар ин миён кормандони Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ва ширкату идораҳои марбут ба нақлиёти ҳавоӣ арз карданд, ки аз 20-уми март инҷониб маош нагирифтаанд.

Дар маъмурияти Фурудгоҳи Байнулмилали Душанбе гуфтанд, бинобар қатъи парвозҳо ночор кормандонро ба рухсатии бемузд фиристоданд, аз ин рӯ, ба онҳо маош дода намешавад.

Ба гуфтаи маъмурият, кормандон, шуруъ аз раиси фурудгоҳ то коргари охирин, дар рухсатии бемузданд ва бо оғози парвозҳо коргарон дубора ба кор даъват мешаванд.

Ба ин тартиб дар фурудгоҳи Душнбе ҳудуди 1500 нафар ва дар маҷмуъ дар соҳаи ҳавопаймоии Тоҷикистон наздик ба 10 ҳазор нафар бе кору бе маош монданд.

Зимнан кормандони бахши хусусӣ низ аз ин миён истисно нестанд ва кордиҳандагон бо баҳонаи рухсатии бемузд, маоши онҳоро намедиҳанд.

Омӯзгорони мактаби хусусии "Кембриҷ" дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ арз карданд, ки мактаб маоши моҳи майи онҳоро намепардозад. Дар маъмурияти мактаб ба суоли Радиои Озодӣ мактуб фиристоданд, аммо дар он ба суоли асосӣ посухе нест. Маъмурият дар ҷавоби хаттӣ ба устодон гуфтанд, бинобар хуруҷи коронавирус маоши моҳи май пардохта намешавад. Омӯзгорон мегӯянд, хавф доранд маъмурият маоши таътили тобистонро низ намедиҳанд, ҳарчанд аз волидон ҳаққи таҳсилро барои соли хониш ба пуррагӣ меситонад. Нархи солонаи таҳсил дар ин мактаб аз 8900 то 9600 доллар аст.

Кордиҳандагони азим дар Тоҷикистон дар ҳоле дар пардохти маоши коргарон таъхир мекунанд, ки қонуни кор дар Тоҷикистон барои чунин рафтор ба кордиҳанда ҷазо муқаррар кардааст.

Исмоил Файзизода, ҳуқуқшиноси Иттифоқи касаби мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, мувофиқи Кодекси меҳнат, кордиҳанда барои ҳар як моҳи таъхир баробар ба меъёри бозтамвил (рефинансирования), яъне баҳраи қарзе, ки Бонки Миллӣ муайян мекунад, ба коргар бояд ҷубронпулӣ диҳад.

Меъёре, ки аксар вақт кордиҳандагон онро сарфи назар мекунанд ва коргарон аз бими аз кор ронда шудан ҳақталошӣ намекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!