Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Аслан дар Ғарб ва ҳар кишвари ба маънои томаш давлатшуда, чунин меъёр вуҷуд надорад, ки мисли бархе кишварҳои автокративу диктаторӣ тамоми бурду бохти кишварро ба шахси як нафар нисбат бидиҳанд. Матбуот, шабакаҳои телевизиониву радио низ тамоми рӯз ба “таблиғ” -и як нафар машғул нест. Таблиғро махсус дар нохунак гирифтаам. Сабаб дорад: ин гуна бархӯрд натиҷаи баръакс ҳам додааст. Як замон баъзе дискфурӯшҳои Душанбе бо хушҳолӣ мегуфтанд, ки хайрият бархе барномаҳои ҳукуматиро пешакӣ тариқи телевизион эълон мекунанд. Ба гуфтаи дискфурӯшон, вақте қаблан эълон мекарданд, ки ин барномаҳо фалон соату дақиқа аз тариқи шабакаҳои ТВ пахш мешавад, мардум ҳарчӣ бештар аз онҳо диски кинову консерт харид мекард...
Дар мамолики пешрафта ва ба маънои томаш давлатшуда, рӯзи мавлуди президенташонро ҳам махсус таҷлил намекунанд, баъзе идҳои сатҳи миллиро ҳам ба зодрӯзи ӯ мувофиқ намесозанд.
Аммо зодрӯзи Доналд Трампро, ки имрӯз аст ва 74 сола мешавад, бо чанд сабаб имкон дорад ба баррасӣ гирифт.
Аввалан, Амрико як кишвари абарқудрат аст ва дар таъиноти сиёсатҳои ҷаҳонӣ бавосита ё бевосита нақш мебозад.
Дуюм, Трамп президенти кӯҳансолтарини ИМА маҳсуб мешавад. То ӯ танҳо Роналд Рейган буд, ки дар 69 – солагиаш қудрати сиёсиро ба даст гирифт.
Сеюм, ӯ нахустин президенти Амрико аст, ки то расиданаш ба ин маснад як рӯз ҳам дар умури давлатдорӣ ва низомӣ фаъолият накардааст. Воқеан, соли 2001 ё 2002, вақте Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико сафари корӣ анҷом дод, доираҳои сиёсиву таҳлилии ин кишвар аз Президенти Тоҷикистон барои он тавсиф намуданд, ки то замони ба зиммааш гирифтани роҳбарии давлат, номенклатураи шӯравиро нагузаштааст. Албатта ин гуна мавқеъгирии онҳо бештар бо мухолифаташон бо идеологияи СССР иртибот мегирифт. Аммо ҳоло мебинем, ки ҷо ёфтани одамони аз сиёсат ва гурӯҳҳои ҳукмрон берун ба умури давлатдорӣ, дар дунё авҷ мегирад ва намешавад ба ин мавзӯъ бе таваҷҷӯҳ монд.
Воқеан, як нуктаи муҳим. Трамп таи солҳои 2004 – 2015 муҷрии шоуи телевизионии “Номзад” буд, ки аз тариқи шабакаи ТВ NBC пахш мешуд. Ёдатон бошад, ки Зеленский – Президенти Украина, ки Вашингтон сиёсатҳояшро ҷонибдорӣ мекунад, аз нақшофарӣ дар як филм ба сиёсати калон омад.
Чорум, Трамп сарватмандтарин одамест, ки ба президентӣ расидааст. Ин як нуктаи дигари ҷолиб аст, ки ҷойгоҳи тиҷоратро дар давлатсозӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл медиҳад.
Панҷум, Трамп панҷумин Президенти Амрикост, ки дар муқобили ҳарифи интихоботро бохтааш, камтарин бартариро дошт.
Шашум, Трамп сеюмин Президенти Амрико ба ҳисоб меравад, ки ба импичмент рӯ ба рӯ мешавад. Ин гуна иддао дар заминаи масоили муҳиме чун суистифода аз мақом, дахолат ба низоми судӣ иртибот мегирифт.
Ҳафтум, новобаста аз он ки Трамп дар шабу рӯзи бӯҳрони COVID -19 бо Twitter баҳсҳое дошт, аммо соли 2016 ӯро маҳз “президенти Twitter ва Фейсбук” мегуфтанд. Ин таъсири ҷиддӣ пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ дар сиёсат ва мавқеъгириҳои ҷаҳонро маънӣ медод. Як нуктаи дигари ҷолиб: 14 июн дар баробари зодрӯзи Трамп, ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии блогерҳо пазируфта шудааст...
Ин дар мост, ки бисёрии рухдодҳоро як тасодуф мепиндорем. Дар кишварҳои абарқудрат ҳар ҳарф ва ҳар иқдом маънӣ дорад.
Ҳамон тавре дар рӯзҳои аввали ба охир расидани маъракаи интихоботии Амрико навишта будам, намешавад гуфт интихоботи амрикоӣ бо ҳамин ба охир расид. Ин танҳо рақамҳо буд, ки эълон шуд. Ҳарфҳо баъд гуфта мешаванд...
Зеро амрикоиҳо танҳо барои худ президент интихоб намекунанд. Танҳо худро ҳам ба ҳайрат намеоранд. Аз ҳамин хотир, шоуе, ки ба ҳисоби камтарин якуним сол идома меёбад, танҳо як муҷрӣ (баранда) надорад...
Вижагиҳои интихоботи амрикоӣ зиёданд. Он ба назари мо як механизми бисёр душворфаҳм ва хеле гиреҳхӯрда менамояд. Вале шаҳрвандони ИМА медонанд, ки чӣ иттифоқе пеш омадааст. Онҳо, пеш аз ҳама, итминон доранд, ки низом ва қудрати сиёсӣ мустаҳкам аст ва ин қудрат иштибоҳ намекунад, то манфиати ҳар як шаҳрванд ва дар маҷмӯъ як абарқудрати ҷаҳонро ҳифз кунад...
То ҷое мешавад гуфт, ки интихоботи амрикоӣ як назарсанҷии умумимиллист. Дар 1,5 соли маърака дар ин майдон фикр, андеша, тезисҳои гуногуну ҳатто ихтилофнок барои баҳс партофта мешаванд. Аз ин хотир, дар ҷараёни ин шоу аз ҷониби кӣ чӣ гуфта мешавад, муҳим нест. Муҳимтар арзёбии андешаҳост, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд ва онҳоро низоми амрикоӣ иҷозат намедиҳад, ки сарфи назар гарданд. Зимнан, шахсияти номзадҳо низ муҳим ба назар намерасад . Ҳатто афкоре, ки аз забони эшон садо медиҳад. Масоили ахлоқиву равониву маънавӣ ҳам дар доираи ин сиёсату стратегия маъно надоранд. Вагарна тасаввур намоед, ки аз ду номзад, ки маълум буд якеаш ҳатман ба тахт мешинад, чӣ ҳарфу садо дар муқобили ҳамдигар шунида шуд? Яъне масоили ахлоқии номзадҳо муҳим нест. Онҳо рисолати дигар доранд: гуфтани андешаҳои вуҷуддошта дар ҷомеаи амрикоӣ!
Аз рӯи ин назария, Трампи "русгаро" ва "занакбоз", ки нисбати ӯ гуфта мешуд, метавонад комилан шахс ва соҳиби андешаи дигар бошад. Ӯ танҳо фикри як қисмати амрикоиҳоро аз минбар гуфт ва ин гурӯҳи одамонро, ки бештар ба назар расиданд, зери контроли давлат гирифт!
Барои як давлати қавӣ аз назорат дур намондани афкор муҳимтарин унсур аст...
Шахсияти номзадҳо низ, тавре гуфтем, муҳим нест. Ҳоло исбот шуд, ки дар давлати қавӣ ва бонизом, ҳатто як ХӮСА метавонад президент бошад. Оё Обама то чанд соли пеш шахсияти муҳим ва шинохта буд? Трамп чӣ?
Муҳим ин аст, ки низоми собиту устувори давлатдорӣ вуҷуд дорад ва ҳич кас онро шикаста наметавонад. Ин низом барои "ҳолати Х" ҳам нақшаву барнома дорад, аз ин хотир бо пеш омадани муаммову бӯҳроне осемасару шитобзада нахоҳад шуд ва дар саросемагӣ ба иштибоҳоти нав роҳ намедиҳад. Ин паёми бисёр муҳими интихоботи амрикоиҳо ва доираҳои таҳлилиаш барои кишварҳоест, ки дарозмуддат қудратро дар қабзаи дасти як нафар доштаанд ва фикр мекунанд бо рафтани онҳо ин давлат аз байн меравад.
Қаззофӣ, ки барои мардумаш миллионҳо бор аз инҳо дида, хизматкарда буд, куҷост? Кишвараш чӣ? Ва акнун Либияро як давлати комил гуфтан мумкин аст?
Бо ҳамин, гуфтан мехоҳам, ки ба эҳтимоли қавӣ пушти ҳар иқдоми соҳиби Қасри Сафед пешниҳодоти ҷамъкардаи марказҳои тасмимгирандаву таҳлилӣ хоҳанд буд. Масалан шиори "Амрикои бузург", ки номзади ҷумҳурихоҳон – Трамп байрақ мекард, фикр мекунам, маънои жарфтарро дар худ дошт. Вагарна кӣ ба абарқудратии ИМА то ин замон ҳам метавонист шубҳа намояд?
Доираҳои таҳлилии Кремл инро ба гунаи худ фаҳмиданд. Аз ин хотир, баробари эъломи натиҷаҳои интихобот мавзӯро сӯи дигар бурданӣ шуданд: "Русия акнун рақиби ҷиддиашро аз даст дод. Аз ин пас чӣ кор бояд кунем?".
Ин ҳам дар ҳоле, ки Трамп, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали номзадиаш ифтихор мекард, ки дар тарҷума маънои насабаш "қарта" (козырь) аст.
Ҳоло, ки то интихоботи пешорӯи Амрико мисли Тоҷикистон чанд моҳи дигар боқӣ мондааст, чӣ хулоса кардан мумкин: аз ин қарта кӣ ба манфиатҳои худ бозӣ намуд?
Саволи дигар: манфиати Тоҷикистон аз интихоботи Амрико чӣ метавонад бошад?
Агар камтарин имкони таъсир ба маъракаҳои сиёсии Амрикоро медоштем, бояд аз Трамп пуштибонӣ мекардем, ё рақиби демократи ӯ Ҷо Байден, ки қаблан ноиби президент ҳам буд?
Дуруст, шояд чунин масъалагузориро то ҷое содда ва хандадор бигӯянд. Чун мо як кишвари таъсиргузор нестем ва дар Амрико ҳам аз Тоҷикистон аслан шинохт надоранд. Инро маъракаи интихоботии соли 2016 низ исбот кард. Ба ҳар сурат, вақте дугонаи (двойники) Трамп дар хиёбонҳо бо мардум сӯҳбат мекард, аз онҳо зодбумашонро мепурсид ва пас аз посух дар бораи ин кишвар ва мавқеъгириҳояш ҳарф мезад. Иттифоқан як тоҷик ҳам сари роҳаш пайдо шуд. Вале "Трамп" гуфт ҳатто номи Тоҷикистонро талаффуз карда наметавонад, чӣ расад дар бораи тасаввуроту мавқеъгириҳояш аз кишвари мо.
Шинохти дигари амрикоиҳо аз Тоҷикистон шояд замоне пайдо шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар кадом як нишасти байналмилалӣ бо Трамп вохӯрд ва аз камтарин президентҳо гардид, ки ба дастфишории Президенти Амрико тоб овард. Бархе расонаҳо он замон ин ҳолатро ба гунаи ғалабаи Президенти Тоҷикистон бозтоб карданд.
Аммо сиёсат чизи дигар аст. Қувваи як давлатмард ҳам ба масоили дигар вобастагӣ мегиранд.
Бояд ҷиддитар фикр кард. Хоса, вақте бӯҳрони COVID -19 воқеиятҳои дигареро дар ҷаҳон ошкор намуд.
Бубинед, дар Амрико ва Белорус, ки мисли мо имсол интихоботи президентӣ доранд, чӣ мегузарад? Белорусро намедонам ҷойгоҳи Лукашенкоро, ки қудратро 26 сол аст дар қабзааш сахт доштааст, ин маърака ба куҷо муқаррар мекунад. Аммо барои Амрико муҳим нест, ки ба Қасри Сафед кӣ хоҳад омад. Тавре гуфтем, шояд барои як хӯса ҳам барнома доранд.
Мо чӣ?
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.