Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, мардеро, ки рӯзи 11-уми июн дар маҳаллаи Сирки пойтахт духтари ҷавон Маҳин Исрофилро таҳқир кардааст, дастгир намуданд ва ӯ ба майдаавбошӣ муттаҳам аст. Парвандаи Абдуғаффор Шарипови 45-соларо барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Сино фиристодаанд.
Маҳин Исрофил рӯзи 12-уми июн дар Фейсбук бо нашри видео гуфт, марди миёнсоле ӯро бе ҳеч сабаб бо тӯб зад ва сипас бо гумони он ки "помирист" дашномҳои қабеҳ дод. Бисёре аз корбарон гуфтанд, ҳеч кас набояд барои маҳалли таваллудаш мазаммат шавад.
Ба иттилои расмӣ, Шарипов масъули назорати партовгоҳ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Сино дар вақти рух додани ҳодиса маст будааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе шоми 12-уми июн дар баёнияи расмӣ навишт: "Дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва ҷабрдида муайян карда шуд, ки ҷавонзан ҳангоми партофтани партов воқеъ дар кӯчаи К.Сеткина, партови худро дар ҷойи муқарарнагардида гузоштааст. Ин боис ба эрод ва дашному ҳақорати ин мард гардидааст."
Маҳин Исрофил рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳодисаро ингуна нақл кард: "Мард хост, бо тӯб ба рӯйи ман занад, ки нашуд. Тӯб ба поям бархӯрд. Вақте гуфтам, чаро ин корро кард, якбора ба дашном гузашт. Хостам, телефонро гирифта, он лаҳза ва ҳарфҳояшро сабт кунам, худашро идора карда натавонист ва ҳар чизе ба даҳонаш омад, гуфт."
Сабоҳат Маҳмадалиева, масъули идораи кор бо занон ва оила, чунин бархӯрдро бо духтари ҷавон "таҳқири ҳамаи занҳо" номид ва гуфт, "бояд пеши роҳи ин гуна ҳодисаҳо гирифта шавад". Вай афзуд, аз сӯйи дигар бетарафии атрофиён боис ба афзоиши чунин ҳодисаҳо мешавад.
"Бояд раҳгузар аст, ё хешу табор, фарқ надорад, бояд бефарқ набошад. Ин ҳодиса метавонад ба сари ҳар яке аз мо биояд. Аз ин хотир, беҳтар аст, дасти якдигарро бигирем, то ҷомеа ором бошад", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Маҳин Исрофил мегӯяд, вақте мард ӯро "таҳқир ва ҳатто ба задан таҳдид мекард", чанд марду зан дар атроф тамошобин буданд ва касе дахолат кардан намехост.
Сабаби бетафовутӣ ба ҳодисаҳои атрофро ҳуқуқдон Ойниҳол Бобоназарова ба чанд омил рабт дод. Ӯ гуфт: "Агар аз як тараф фарҳанги оиладорӣ коста шудааст, аз сӯйи дигар насли баъди ҷанг ба худ иҷоза намедиҳанд, ки дар чунин ҳолатҳо "миёндаро" шаванд. Шояд мегӯянд, ба сарамон бало нахарем ва ё агар хешу табори гумонбар соҳибмансаб аст, мумкин онҳоро ҷазо диҳад. Ин андеша, ки касе зӯр аст, ҳақ аст, ҷузъи зиндагии мардум шудааст."
Ҳодисаҳои монанд ба ин дар Тоҷикистон кам нест. Пулиси Душанбе ҳар сари чанд вақт хабар медиҳад, ки ҷавонон ва ё мардонро барои дашном додани духтарону занон ва ё бадрафторӣ бо онҳо дастгиру муҷозот кардааст. Вале чизе, ки дар қазияи ахир боис ба нигаронии бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, гӯё "помирии бадбахт" хитоб шудани духтар будааст.
Маҳин Исрофил гуфт, ин мард ӯро зодаи Бадахшон гумон кард, "дар ҳоле ки зодаи Бадахшон нестам, аммо аз чунин рафтор сахт нороҳат ҳастам. Набояд миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва намояндагони маҳалҳо чунин муносибат сурат бигирад."
Ин видео мавҷи маҳкумиятҳоро, бахусус дар байни сокинони вилояти Бадахшон ба бор овард. Чанд нафар аз мақомот талаб карданд, ки мардро пайдо карда, ҷазо диҳанд.
Мавзӯи маҳалгароӣ дар тақрибан сӣ соли истиқлоли Тоҷикистон дар ҷомеаи кишвар матраҳ аст. Ин аст, ки борҳо гурӯҳе аз равшанфикрон ба мақомот пешниҳод кардаанд, барои раҳоӣ аз дарди "музмин" чора андешанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар қонуни ҷиноӣ барои барангехтани кинаву адовати милливу маҳалгароӣ ҷазо таъйин шудааст.
Тоҷикистон аз 3 вилоят ё минтақаи калон, 17 шаҳр, 62 ноҳия (аз ҷумла, 13 ноҳияи тобеи марказ), 55 шаҳрак ва 368 ҷамоат иборат аст. Бо сабабҳои мухталиф, ҳар як нуқтаи маъмурию ҷуғрофӣ метавонад аз ҳам тафовут дошта бошад ва дар кул ин тафовутҳо дар лаҳҷа, вижагиҳои маросим ва одатҳо инъикос мешаванд.