Баъзе аз сокинон талаби такрории раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи доштани захираи дусолаи хӯрокворӣ аз нигоҳи назариявӣ "фикри хуб", вале амалан "иҷронашуданӣ" медонанд. Онҳо мегӯянд, аввал барои захираи дусола пулу анбори хуб надоранд ва дувум агар орду равғану биринҷи кофӣ дошта бошанд ва ду сол аз бозорҳо чизе нагиранд, вазъи тиҷорату ҷамъоварии андоз чӣ гуна хоҳад шуд.
"Бо пули фарзандони муҳоҷирам зиндагӣ дорем"
Мавлуда Назарова, сокини 60-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо пули фиристодаи ду писари муҳоҷираш зиндагии оилаи бузургро мечархонад. Хонаводаи онҳо аз 12 нафар иборат аст. Ду набераи донишҷӯ дорад.
Ба гуфтаи хонум Назарова, писаронаш ҳар моҳ барои таъмини зиндагӣ каме бештар аз се ҳазор сомонӣ мефиристанд, ки аз ин моҳ то ин моҳ мерасад. "Писаронам кӯшиш мекунанд, ҳадди имкон барои зимистон гандум захира кунанд, чун охири тирамоҳ аз муҳоҷират бармегарданд ва то оғози фасли баҳор даромади дигаре надоранд", - гуфт ӯ.
Мусоҳиби мо дастури такрории президенти Тоҷикистонро барои доштани захираи дусола дар ҳар хонавода "тавсияи дуруст" номид, аммо гуфт, иҷрояш имконнопазир аст: "Мо пули фиристодаи писаронамро фақат барои хӯрдан, аз ин моҳ то ин моҳ, сарф мекунем. Аъзои хонавода ҳар моҳ либосу пойафзол намехаранд. Кӯшиш мекунем, ки ақаллан барои моҳи дигар сад ё ду сад сомонии онро нигоҳ дорем, аммо намешавад."
Президенти Тоҷикистон рӯзи 9-уми июн бори дигар аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб кардааст, ки "ҳар як оила бояд барои ду сол маводи хӯроквориро дар хонаҳояшон захира намоянд"
Чунин дастур дастикам даҳ сол инҷониб садо медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати қаблиаш дар бораи захираи дусолаи хӯрокворӣ гуфта буд, "тоҷикон аз қадимулайём одати хеле хуб доштанд, ки бо талқини калонсолон ҳар оила барои таъмини худ маводи хӯрокаи ниёзи аввалро захира мекарданд."
Мақомот мегӯянд, дар сурати иҷро шудани дастур нарх дар бозорҳо танзим ва дар ҳолатҳои буҳронӣ мардум дармондаву дастнигар намешавад.
Сокинон мегӯянд, дар Тоҷикистон имкон ва шароити захира кардани маводи ғизоиро, он ҳам барои ду сол, надоранд. Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки маводи ғизоӣ, ба ҷуз аз гандум муҳлати истифодабарии дусоларо надоранд ва дар кишвар барои ин қадар захира кардани маводи озуқаворӣ анборҳои дорои шароит мавҷуд нест. Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, шояд захираи озуқаворӣ барои як мавсим имконпазир бошад, аммо нигоҳ доштани захираи дусола ба зарари хонаводаҳо хоҳад буд.
Иқтисоддонҳо на захираи ғизо, балки пасандози як миқдор маблағро муҳимтар медонанд, ки дар ҳолатҳои бӯҳронӣ сокинон онро истифода баранд. Олимҷон Бобоев, раҳбари собиқи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мегӯяд, "аз назари иқтисодӣ танҳо доштани маблағи муайяни захира барои ду сол дуруст аст, зеро баъзе ҳолатҳои фавқулодае пеш меояд, ки ба вазъи иқтисодӣ таъсир мерасонад ва барои паст кардани шиддати буҳронӣ, доштани маблағҳои захира лозим аст".
Гузориши видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вай ҳамзамон афзуд, коргароне, ки дар корхонаҳои хурд кор карда, маоши ночиз мегиранд, наметавонанд аз ин ҳисоб пулеро нигоҳ доранд.
Аз сӯи дигар, таҳлилгарон даъват ба захира кардани маводи ғизоиро барои ду сол навъе дурӣ ҷустани мақомот аз масъулияти таъмини маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, барои сокинони кишвар унвон мекунанд.
Азизи Нақибзод, хабарнигори тоҷик мегӯяд, даъвати ба такрори президент дар ин маврид бенақш будани фаъолияти мушовирон ва марказҳои илмиву таҳлилиро дар тасмимгириҳои роҳбари давлат ба намоиш гузошт. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, ин тавсия борҳо садо додааст, аммо табиист, ки касе ин имконро надоранд.
Ӯ мегӯяд, "ба ҳама маълум аст ки танҳо мешавад маводи ғалладонагиро захира кард. Ва ин тавсия махсус дар ҳамин соли бӯҳронӣ барои як мавсим ҳатто иҷроношуданист, чун манбаи аслии даромади мардуми тоҷик муҳоҷират буд ва имсол нисфи муҳоҷирон дар ватан бекор монданду ними дигар дар Русия."
Ҳудуди як миллион сокини Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд ва интиқоли пули онҳо даромади асосии хонаводаҳояшон аст.
"Тавони молии мардум барои захираи думоҳа имконпазир нест. Бисёре аз оилаҳо дар Тоҷикистон даромаде доранд, ки аз моҳ ба моҳ мерасад. Онҳо ҳатто наметавонанд, ки барои моҳи оянда пасандоз монанд", - гуфт Нақибзод.
Музди маоши сокинони Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ пасттарин дониста шуда, ба ҳисоби миёна чизе бештар аз 100 долларро ташкил медиҳад.
Мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар чанд соли охир поин рафта, тақрибан сӣ дарсадро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар шинохти камбизоатон усули эътирофкардаи Бонки Ҷаҳониро намепазирад. Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 16,7 сомонӣ (1,9 доллар) барои худ харҷ мекунад, "сахт фақир" мешуморад. Аммо Тоҷикистон ин меъёрро намепазирад ва камбизоатонро бинобар вазъи хонаву дар ва ҳайати оилаву мизони даромад шиносоӣ мекунад.