Дар чарогоҳ, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, чӣ иттифоқ уфтод?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чанде аз сокинони ҷамоати Ворухи Исфара даъво доранд, ки ҳафтаи гузашта марзбонҳои Қирғизистон ба чорвои онҳо ҳамла карда, нӯҳ говро захмӣ намудаанд. Мақомоти Исфара ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон расман ҳеч эътироз накардааст.