Пайвандони як ронандаи мошини боркаш дар Тоҷикистон аз мақомот талаб доранд, ки ҷасади ӯро аз зери хоку шағал дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" зудтар берун биоранд, то бо риояи русуми динӣ дафн карда шавад. Бахтиёр Файзови 60-сола ду сол боз дар нирӯгоҳ ба ҳайси ронанда кор мекардааст.
Ба қавли наздиконаш, Бахтиёр Файзов ва корманди дигари нирӯгоҳ ҳафтае пеш дар натиҷаи фаромадани ярч тақрибан 60 метр ба поён сарозер шуда, ба ҳалокат расидаанд. Масъулони ҷамъияти саҳомии нирӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар ин бора расман иттилоъ намедиҳанд.
Амрихудо Амрихудоев, яке аз пайвандони Бахтиёр Файзов, рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: "Баъд аз чанд рӯзи бедарак шуданаш ба ҷустуҷӯ баромадем. Моро нагузоштанд, ки ба маҳалли сохтмон ворид шавем. Онҷоро объекти стратегӣ мегӯянд. Баъдан илтиҷо кардем ва ҳамроҳи кормандони бахши амнияти нирӯгоҳ рафта, маҳалли фаромадани ярчро дидем. Аз рӯйи нишондоди шоҳидон ярч мошинро қариб 60 метр бурдааст."
Амрихудоев мегӯяд, дар ҷойи фаромадани ярч экскаваторҳо хокро мекофтанд, аммо бо гузашти як ҳафта мақомот на ҷасад ва на мошинро наёфтаанд. "Наход, инсон ҳамин қадар беқадр бошад? Бахтиёр дар ҷойи кораш дучори садама шудааст, мо наздикон шабу рӯз оромӣ надорем, ки бо ӯ чӣ шуд. Объект стратегӣ гуфта, намемонанд, ки худамон кобем. Ақаллан ҷасадро бароварда диҳанд, то инсонвор бигӯронем ва диламон каме ором шавад", -- афзуд ӯ.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, вақте ӯ ба маҳалли сохтмон рафт, муфаттиши идораи корҳои дохилӣ ва раиси ноҳияи Нуробод ваъда додаанд, ки ҷасадро ёфта, ҳамроҳи музди маошаш ба наздикон месупоранд.
Вай афзуд, "фарзандони Бахтиёр Файзов дар Русия ҳастанд ва пайвандони дигар дар зодгоҳаш, ноҳияи Ҷайҳун, Қумсангири собиқ рӯз мепоянд, ки ҷасадро дастрас кунанд".
Аммо дар маъмурияти нирӯгоҳи "Роғун" нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Саидқул Қурбонов, сухангӯи ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Роғун" гуфт, беш аз як моҳ инҷониб хонанишинӣ мекунад ва намедонад дар маҳалли сохтмон чӣ мегузарад.
Сафарбек Валиев, корманди масъули ҷамъияти саҳомии кушодаи нирӯгоҳи "Роғун" низ гуфт, беш аз як моҳ боз дар ҷойи кор нест ва дар ин бора маълумот надорад.
Ҳамин тавр, мақомот аз додани ҳамагуна иттилоъ дар ин бора худдорӣ меварзанд ва ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, номи ҷавони дигари ҳалокшударо муайян кунанд. Танҳо чизе, ки маълум шуд, ин аст, ки ӯ 33-сола ва зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст.
Корбарон ба Радиои Озодӣ ҳамчунон навореро фиристоданд, ки лаҳзаи фаромадани ярч ва кори экскаваторҳоро дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" нишон медиҳад.
Наворро дар инҷо бинед:
Бори аввал нест, ки коргарон дар маҳалли сохтмони "Роғун" ҷони худро аз даст медиҳанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, танҳо дар соли 2018 дар сохтмони нирӯгоҳ шаш нафар ҷон бохта буданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон он вақт гуфта буд, ки 7 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Дар миёни афроди захмиён ду шаҳрванди Чин низ ҳастанд.
Мақомот ҳамеша таъкид мекунанд, ки чунин ҳодисаҳо тасодуфӣ ҳастанд ва ҳеч кас аз он эмин нест. Наздикони Бахтиёр Файзов ҳам мегӯянд, дар ин кор касеро гунаҳкор карданӣ нестанд ва барои ҳамин мехоҳанд "мақомот дар тамоси наздик бошанд ва нисбат ба мушкили дигарон бетараф набошанд".