Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон: марзҳо бастааст, аз сафар худдорӣ кунед

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо вуҷуди баста будани марзҳои Қазоқистону Узбекистон бо сабаби пандемияи коронавирус ва огаҳиҳои батакрор, даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо умеди бозгашт ба ватан дар гузаргоҳи Жибек Жоли ҷамъ шудаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн шумораи онҳоро "беш аз 30 нафар" гуфт.