Нигарониҳо аз афзоиши фишор болои хабарнигорони ошкоргӯ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ду дафъа латукӯб шудани хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ осебпазир будани рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва ошкоргӯйро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт. Мақомот қазияро тасодуфӣ номиданд, вале созмонҳои мустақили журналистӣ ва ҳомиёи ҳуқуқ талоши ошкорои маҳдуд кардани озодии баён хонданд.