Ҳудуди 50 бемори Маркази равонпизишкии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Равуо ба дохили шифохона зери назорати шадид аст ва маълум нест чӣ гуна бемории ҳамагир ба бошандагони он сироят кардааст. Маъмурият гирифтор шудани беморони руҳиро ба COVID-19 рад мекунанд, вале манобеъ чизи дигар мегӯянд.
Рӯзи 3-юми июн корафтодагони бемористони рӯҳии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бошандагонаш ба короновирус гирифтор шудаанд. Далели ин гуфтаҳо сабти суҳбат бо ду духтури шифохона аст. Онҳо мегӯянд, то кунун ба COVID-19 гирифтор шудани 50 бемори рӯҳӣ ошкор шуд. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, нахостанд, номашон бурда шавад.
Нодира Саидова, мудири Маркази равонпизишкии вилояти Суғд, рӯзи 3-уми июн дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло сирояти коронавирус ба беморони мо тасдиқ нашудаст" ва гӯширо гузошту ба зангҳои баъдӣ ҷавоб надод.
Ин беморонро дар шифохонаи шаҳрии Хуҷанд аз ташхис, дақиқтараш аз рентген гузаронидаанд ва гирифтории 50 нафар собит шудааст. Дар маъмурияти ин бемористон рӯзи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ ташхис шудани беморони рӯҳиро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, мақомоти болоӣ ошкор кардани омори гирифторони COVID-19-ро барои онҳо манъ кардааст.
Ҳамсӯҳбати мо тавсия дод, барои дақиқ кардани шумораи беморони рӯҳӣ, ки ба короновирус гирифтор шудаанд, ба Раёсати тандурустии вилояти Суғд муроҷиат кунем. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва роҳбари Ситоди мубориза бо COVID-19 дар минтақа дар як тамоси телефонӣ суоли Радиои Озодиро дар робита чӣ қадар будани шумораи беморони Маркази равонпизишкӣ шунид ва баъдан гӯширо гузошт. Ба зангҳои ба такрори Радиои Озодӣ дигар посух надод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Талоши рӯйпӯш намудани ба COVID-19 мубтало беморони рӯҳии Маркази равонпизишкии Суғд дар ҳолест, ки мутахассисон мегӯянд, табобати онҳо аз вирус назар ба сироятёфтагони дигар душвортар аст.
Баракатулло Ниёзов, равонпизишки тоҷик, мегӯяд, "вобаста ба ҳолати беморони равонӣ истеъмоли доруҳои психотропиро кам бояд кард, то ин ки беморро камқувват накунад. Вобаста ба ҳолати вазнинии бемор додани доруҳои нейролептик (яъне доруҳои равондармонӣ) кам ё ин ки қатъ карда мешавад".
Маъмурияти дигар бемористонҳои равонпизишкӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, дар онҳо ҳолатҳои мубталошавӣ ба COVID-19 мушоҳида нашудааст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!