Бемории ҳамагир монеи иди кӯдакони тоҷик шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои пеш ором ва бе баргузории маъракаҳои тафреҳӣ гузашт. Пеш аз пандемияи коронавирус маъмулан дар ин рӯз дар Тоҷикистон барномаву маъракаҳои гуногуне баргузор мешуд ва гурӯҳе аз кӯдаконро дар кӯчаҳо сарҷамъу хушҳол дидан мумкин буд.