Ҷейми Флай: Ҳукуматҳо бемориро пинҳон мекунанд, мо барои наҷоти одамон саъй мекунем

Ҷейми Флай

Гузоришҳои хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар замони пандемияи коронавируси нав ошкор кардааст, ки фиребу пинҳонкорӣ рафтори маъмулии ҳукуматдорони бисёре аз кишварҳост.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, 29-уми май дар изҳороте гуфт, "ҳар қадар пандемия идома кунад, ҳамон қадар бештар мебинем, ки ғаризаи махфӣ нигоҳ доштан ва дурӯғпароканӣ дар кишварҳое, ки дар онҷо кор мекунем, боқӣ мемонад. Ҳатто сироят бештар мешавад ва таҳдид ба сиҳҳатии омма меафзояд."

Флай мегӯяд, "мухотабон дар Русияву Қазоқистон, Тоҷикистону Эрон ва ҷойҳои дигар ҳамвора мегӯянд, ки гузоришҳои мо барои дар амон мондани мардум кумак мекунанд. Ҳамчунин иттилоотеро медиҳанд, ки ба онҳо кумак мекунад, то аз ҳукуматҳо андешидани чора ва посухгӯиро талаб кунанд."

Ҷейми Флай дар ин замина ба кори телевизиони "Настояшее Время", Радиои Фардо - бахши форсии Радиои Озодӣ, бахши русӣ ва қазоқӣ ишора кард.

Вай ҳамчунин гуфт, Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар ҳоле ки омори боварбахш аз тарафи ҳукумат вуҷуд надорад, феҳрасти мустақили қурбониёни COVID-19-ро тартиб медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон тақрибан як моҳ тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро нодида гирифта, мавҷудияти коронавирусро рад карданд. Вазорати тандурустӣ танҳо 30-юми апрел хабар дод, ки коронавируси нав ба 15 нафар сироят кардааст.

Ба қавли ӯ, Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ омори расмии қурбониёни бемории ҳамагирро таҳқиқ мекунад. "Мақомот аз 30-юми апрел то 15-уми май дар бораи марги 33 нафар хабар доданд, дар ҳоле ки дар ин муддат танҳо дар оромгоҳҳои Душанбе панҷоҳ қабри нав пайдо шуда буд", - мегӯяд ӯ ва ба фарқи байни омори расмӣ ва шуморишҳои анҷомдодаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ишора мекунад, ки наздик ба як баробарро ташкил медиҳад.

Ба қавли Ҷейми Флай, баъд аз гузоришҳои Радиои Озодӣ аз пайдо шудани қабрҳои нав ва зиёд, мақомоти Тоҷикистон дари оромгоҳҳоро ба рӯйи журналистон баста, наворгириро барои онҳо манъ карданд. Шароите сохта мешавад, ки рӯзноманигорон ба маълумоти воқеӣ дастрасӣ наёбанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз додани парвонаи кори ҳашт хабарнигори Радиои Озодӣ худдорӣ мекунад, то онҳо дар замоне ки ҷомеа ба гузоришҳои боварбахш фавқулода эҳтиёҷи зиёд дорад, озодона ба фаъолияташон идома диҳанд.

Ба қавли президенти РАО/РО, ин шабу рӯз саҳифаҳои таблиғгари рӯ ба ҳукумат бо нашри аксҳои сохта ва суханҳои тавҳиномез дар Фейсбук ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳамла мекунанд.

Флай гуфт, "инҳо аз ҷумлаи шуҷоътарин журналистоне дар ҷаҳон ҳастанд, ки барои хидмат ба ҷомеа ҳаёти худро зери хатар гузоштаанд. Ҳукумат ва намояндагонаш дар пайи инкори ҳақиқат ҳастанд ва дар ҳар қадам монеъ мешаванд. Дар ҳоле ки ҳукуматҳо бо мо дар ҳоли ҷанг ҳастанд, мо барои наҷоти ҳаёти мардум иттилоот пешкаш мекунем."

Дар замони пандемияи коронавируси нав талабот ба гузоришҳои Радиои Озодӣ ба таври рекордӣ афзудааст.

Дар моҳи марти имсол дар муқоиса ба моҳҳои гузашта сафи боздидкунандагон аз сомонаҳо ва замимаҳои Радиои Оозодӣ то 48 дарсад афзуд ва ба 77 миллион расид.

Дар ин моҳ матолиби сомонаву замимаҳои Радиои Озодиро 128,5 миллион нафар хондаанд, ки дар қиёс ба моҳҳои пеш 43 дарсад бештар аст.

Саффи бинандагону хонандаҳо дар Facebook, YouTube ва Instagram ҳам боло рафт. Дар моҳи апрел шумораи бинандагон дар Инстаграм якбора афзуд ва дар муқоиса ба моҳи март 72 дарсад бештар шуд.