Наҷмиддин Ахмедов санадҳо дар даст дари филиали "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Восеъро мекӯбад, то пасандозҳои чаҳор соли пеш гузоштаашро баргардонад. Масъулини "Агроинвестбонк" дар Восеъ ҳозир нестанд дар робита ба мушкили ин мард ибрози назар кунанд.
Ин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, дар "Агроинвестбонк" 73 ҳазор сомонӣ пасандоз гузошта буд, то дар мушкилӣ онро истифода кунад. Имрӯз, ки хонаводааш ба пул эҳтиёҷ дорад, наметавонад маблағашро бозпас бигирад.
Наҷмиддин Ахмедов омӯзгор аст. Ба гуфтааш, вақте фарзандонаш бузург шуданд, маоши омӯзгорӣ харҷи рӯзгорашонро напӯшонид ва маҷбур шуд ҳамроҳи бародараш ба муҳоҷират равад. Онҳо баъди бозгашт маблағи ҷамъкардаашонро дар ин бонк гузоштанд.
"Омӯзгориро партофта, дар Русия кор кардам ва омада дар бонк пул гузоштам, аммо имрӯз онро гирифта наметавонам. Ҳамин қадар муроҷиат мекунам, аммо касе ба доди мо мардуми камбизот намерасад",- шиква кард Ахмедов.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи ин мард, бонк то чанд моҳи пеш ба онҳо рӯзона то сад сомонӣ пардохт мекард, аммо имрӯзҳо онро ҳам гирифта наметавонанд. Наҷмиддин Ахмедов мегӯяд, ҳоло 30 ҳазор сомонии худаш ва 25 ҳазор сомонӣ аз бародари марҳумаш дар "Агроинвестбонк" банд мондааст.
Бонк ба онҳо пешниҳод кардааст, ки дар ивази маблағашон метавонанд аз фурӯшгоҳи "Волна" таҷҳизот гиранд.
"Аз мағозаи "Волна" маҷбур шудем, ки чизе барои худ гирем. Бародарам ҳам пулашро гирифта натавонист ва ин дунёро тарк кард ва ҳоло он пулро ман бояд гирифта, ба фарзандонаш диҳам. Сад сомонӣ медоданд, ҳоло ҳамонро ҳам намедиҳад. Дар ин шабу рӯзи вазнин бояд ин корро намекарданд. Фарзандҳо ҳам калон шуданд, аммо пули ман дар бонк монд",-гуфт ӯ.
Масъулини филиали "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Восеъ нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Абдуфаттоҳ Таваккалов, мудири "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Восеъ дар посух ба тамоси Радиои Озодӣ гуфт, ки "намехоҳад бо телефон суҳбат кунад".
"Агроинвестбонк" яке аз ду бонки бузурги кишвар аст, ки миёнаҳои соли 2016 ба мушкил дучор шуданд ва ин шикояти пай дар пайи сокинонро дар бораи пардохт нашудани маблағҳояшон ба бор овард. Моҳи феврали соли 2019 Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ, гуфта буд, ки феълан "Агроинвестбонк" аз 34 ҳазор муштарӣ беш аз 730 миллион сомонӣ қарздор аст ва бе ҷалби сармоя наметавонад онро бозпас диҳад.
Бо ин ҳама Наҷмиддин Ахмедов умед дорад, ки бонк маблағи пасандози ӯро бозпас мегардонад ва ӯ метавонад фарзанди беморашро муолиҷа кунад ва сохтмони хонаи нимабунёдашрро ба анҷом расонад.