Роҳбари пешини бахши исфарагии ҲНИТ дар зиндон даргузашт

Абдусаттор Бобоев. Акс аз сомонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик

Абдусаттор Бобоев, собиқ раиси бахши исфарагии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва узви раёсати ин ҳизб шаби 25-уми май дар зиндони рақами 3-и низомаш сангини Хуҷанд даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, мақомот сабаби марги ӯро "сактаи қалб" номидаанд.

Абдусаттор Бобоев дар соли 2015 бо иттиҳоми "даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ" ва "таъсиси созмони экстремистӣ" ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Наздиконаш ва масъулини ҲНИ ин иттиҳомро борҳо рад кардаанд.

Абдумаҷид Бобоев, бародари Абдусаттор Бобоев рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз масъулини зиндони Хуҷанд ба наздикон ҷасади бародари 66-солаашро доданд.

Наздикони Абдусаттор Бобоев маъруф ба Домулло Абдусаттор гуфтанд, дар тани ӯ осори латту кӯбро мушоҳида накарданд ва ӯ ба коронавирус ҳам мубтало нашудааст. Онҳо мегӯянд, марҳум солҳо ба ин сӯ аз дарди қалб ранҷ мекашид. "Вақте ки дар маҳбас буд, асосан доруҳои дилро барояш мебурдем,"- гуфт бародари Абдусаттор Бобоев.

Масъулини зиндони шаҳри Хуҷанд ё мақомоти дигар то ҳол дар бораи марги Абдусаттор Бобоев шарҳи расмие надодаанд.

Додгоҳи Исфара моҳи марти соли 2015 раиси бахши Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ин шаҳрро ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Додгоҳ Бобоевро бар асоси ду банди Кодеси ҷиноӣ муҷрим эълон кард, ҳарчанд масъулини ҲНИТ ин иттиҳомро бепоя хонда буданд.

Бобоев ҳамроҳи ду узви раёсати ноҳиявии ҳизб - Бобоҳидо Ҳайдаров ва Анорбой Сафаров маҳкум ба зиндон шуда буд. Ду нафари дигар ба 6 ва 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Абдусаттор Бобоев дар рӯзҳое ба зиндон маҳкум шуд, ки дар Душанбе мурофиаи 13 узви раёсати ҲНИТ пушти дарҳои баста мегузашт.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 ҲНИТ-ро бо баҳонаи даст доштан дар ҳодисае, ки мақомот онро ошӯб бо роҳбарии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ меноманд, мамнӯъ эълон карданд. Раҳбарони ҳизб даст доштани худро дар ин ҳодиса рад мекунанд, вале дар заминаи он шуморе аз сарон ва аъзои ҳизб боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки ин парвандаҳо бозбинӣ шаванд. Аммо мақомот то ҳол ин даъватҳоро қабул накардаанд.

Наздиконаш гуфтанд, аз Абдусаттор Бобоев се фарзанд мондааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!