FIFA расман шумораи таъвизи бозигаронро зиёд кард

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) эълом кард, ки пас аз идома ёфтани мавсим шумораи таъвиз дар даста дар ҷараёни бозӣ аз се ба панҷ зиёд карда мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии FIFA хабар медиҳад.

То ин дам дастаҳои футбол ҳақ доштанд дар ҷараёни бозӣ то се бозигари худро иваз кунанд. Аммо бар асоси тартиби нави эълонкардаи FIFA дастаҳо акнун метавонанд то панҷ бозигари худро дар ҷараёни сабқат иваз намоянд.

Ин тағйирот тамоми мусобиқаҳои футболро то охири соли тақвимӣ дарбар мегирад. Лигаҳои миллӣ ва дигар ташкилкунандагони мусобиқаҳо бояд дар бораи зарурияти чунин иқдом мустақилона қарор қабул кунанд.

Дар системаи кӯмаки видеоӣ барои ҳакамҳо (VAR) низ тағйирот ворид карда мешавад. Намояндагони FIFA аз он метарсанд, ки кормандони масъули бозпахши видео тамоми бозиро дар як утоқи хурд мегузаронанд ва ин ба саломатии онҳо таҳдид мекунад. Лигаҳо метавонанд аз таҷрибаи бозпахши видео даст кашанд.

Шӯрои байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (IFAB) тағйиротҳои аз ҷониби FIFA пешниҳодшударо дастгирӣ кард.

Дар охири моҳи апрел FIFA барои аввалин бор зиёд кардани шумораи таъвизро пешниҳод кард, то бозигарон барои танаффуси тӯлонӣ бинобар эпидемияи коронавирус имкони барқароршавиро бештар пайдо кунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!