Вазири нав гуфт, барои таҳлили вазъи коронавирус ба вақт зарурат дорад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустӣ, ки чанд рӯз пеш ба ин мақом таъйин шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи муқобила бо COVID-19-ро таҳлил мекунад ва баъдан натиҷаҳоро хоҳад гуфт. Абдуллозода рӯзи 5 май вазири тандурустӣ таъйин шуд. Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми май бо ӯ сӯҳбат дошт.