Насим Олимзода ба кори дигар гузашт, Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ шуд

Дар акс: Ҷамолиддин Абдуллоев ва Насим Олимзода

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май фармон додааст, ки Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз мақомаш озод карда шавад. Дар фармон гуфта шудааст, сабаби озод кардани ӯ ба мансаби дигар гузаштанаш аст, вале мақоми нави ӯро эълон накарданд.

Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти Вазорати тандурустиро зери раҳбарии Насим Олимзода барои таъхир дар эътирофи мавҷудияти коронавирус ва "амалкардҳои суст" дар муқобила бо бемории СОVID-19 танқид мекунанд. Олимзода беш аз се сол вазири тандурустӣ буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармони дигаре профессор Ҷамолиддин Абдуллозодаро вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин кардааст.

Ҳарду фармонро барои тасдиқ ба порлумон фиристоданд.

Ҷамолиддин Абдуллозодаи 54-сола зодаи ноҳияи Данғара аст ва то замони таъин шудан ба мансаби вазири тандурустӣ мудири бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе буд.

Вай хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон аст. Пештар дар чанд бемористони пойтахт ба ҳайси ҷарроҳ кор карда, аз соли 2014 то 2017 сартабиби Бемористони клиникии "Ёрии таъҷилии тиббӣ" дар Душанбе буд. Узви Маҷлиси шаҳри Душанбест.

Насим Олимзодаи 56-сола беш аз се соли ахир дар мансаби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фаъолият дошт. Як муддат муовини вазир буд.

Ӯ доктори илми тиб буда, соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Корро дар бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб оғоз намуда, баъдан дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Тоҷикистон идома додааст.

Ҳоло маълум нест, ӯро ба кадом мақом таъин кардаанд.

Дар Тоҷикистон ин таҷруба вуҷуд дорад, ки бархе аз мансабдоронро барои камбуд дар идораи зери раҳбариашон "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" сабукдӯш мекунанд, вале дар ҷойи дигар намегузоранд.

Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси пешини Хадамоти гумрук ва Абдусалом Қурбониён, вазири пешини молия бо айни модда аз вазифа рафтанд, вале соҳиби мақоми дигаре нашуданд.

Тағйирот дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 5-уми май теъдоди беморони коронавируси нав дар кишвар ба 293 нафар расид ва 5 кас ҳам аз ин беморӣ фавтиданд.

Вазорати тандурустӣ ва мақомоти дигари кишвар бештар барои он танқид мешаванд, ки чандин мавридҳои шубҳаовари марги сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт дода, мавҷудияти коронавирусро рад карданд.

Баъди зиёд шудани гузоришҳо доир ба сирояти “илтиҳоби шуш” дар гӯшаву канори кишвар ва зиёд шудани маргу мир аз ин беморӣ мақомот 30-юми апрел эълон карданд, ки дар Тоҷикистон 15 нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!