Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то 2-юми май дар кишвар 32 мавриди сирояти сокинон ба бемории ҳамагири COVID-19 тасдиқ шудааст. Ба қавли манбаъ, 17 мавриди он дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд аст.
Бино ба омори нав, дар се рӯзи ахир, шумори гирифторон дар шимоли кишвар тағйир накардааст. Дар ин муддат дар Душанбе даҳ мавриди нав сабт шуда, бори аввал ба ин қатор номи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шомил гардид.
Мақомот дар бораи онки ин афрод кай ва чӣ гуна ба коронавируси нав сироят шудаанд, ҷузъиёт намедиҳанд. Бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, тафсилот бисёр муҳим аст, чун марзҳо аз нимаи дувуми моҳи март баста буда, мақомот то 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро дар кишвар рад мекарданд ва вазъи эпидемиологиро "нисбатан ором" тасвир менамуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба кишвар аз сироят шудани 15 нафар ба коронавирус хабар дод. Мақомот гуфтанд, ин мавридҳо рӯзи 29-уми апрел тасдиқ шудааст.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 бо назардошти вазъ дастур дод, ки тадбирҳо барои муқобила бо беморӣ ва роҳ надодан ба густариши вирус тақвият дода шаванд.
Ҳукумат дастур додааст, аз ин баъд барои пешгирӣ аз сирояти вирус, тамоми мардум ҳангоми гашутугузор дар берун ҳатман ниқоби тиббӣ бипӯшанд.
Бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳонҳои тобистонаи донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад. Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбасти имтиҳоноти хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун мегуфтанд, дар кишвар ягон мавриди сирояти бемории КОВИД-19 сабт нашудааст, вале бисёриҳо ба ин баёнияҳо шубҳа доштанд. Ҳоло бархе аз сокинон ва таҳлилгарон мақомотро барои бо таъхир эътироф кардани мавҷудияти беморӣ айбдор мекунанд.
Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, "дар ҳукумат нисбат ба короновирус фикри ягона вуҷуд надошт. Як гурӯҳи таъсиргузор хоҳиши пинҳон кардани маълумотро доштанд. Ин гуруҳ аз таҳлукаи мардум дар ҳарос буданд. Дар муқобил коршиносон ба вижа мутахассисони тиб буданд, ки доимо таъкид мекарданд, ин сиёсат оянда надорад ва бар зарари давлати Тоҷикистон меанҷомад."
Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-юми май дар баёнияе гуфт, аз замони ошкор шудани коронавируси нав барои пешгирӣ аз сирояти он ба аҳолӣ "тасмимҳои таъҷиливу муассир" гирифтааст.
"Натиҷаи чунин чораҳо аст, ки беш аз се моҳ, аз оғози ба қайд гирифтани аввалин ҳодисаҳои пайдоиши коронавирус дар мамлакат ягон ҳодисаи мубтало шудан ба пандемияи COVID-19 ба қайд гирифта нашуда буд", - омадааст дар баёния.
Вазорат мегӯяд, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, бахусус Душанбе, дезинфексияи идораву муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо ё бо маҳлулҳои беҳдоштӣ идома дорад.
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, ки се сенарияи эҳтимолии густариши вирусро баррасӣ кардааст, дар Тоҷикистон, мумкин аст, аз 70 ҳазор то 230 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, имкон дорад аз 6 ҳазору 536 нафар то 21 ҳазору 25 нафар фавтанд. Ин омори тахминии Бонки Ҷаҳонӣ аст ва мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина чизе нагуфтаанд.
Коронавируси нав охири моҳи декабри соли гузашта дар Чин ошкор шуд. То кунун дар ҷаҳон беш аз 3 миллиону 300 ҳазор нафар ба ин беморӣ сироят шуда, зиёда аз 238 ҳазор кас ҷони худро аз даст доданд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, беш аз 1 миллион нафар аз ин беморӣ сиҳат шудаанд.