Узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) Ги Друи фаронсавӣ, қаҳрамони олимпӣ дар давидан бо монеаҳо, изҳор дошт, ки нақшаи ҷории омодагӣ оид ба гузаронидани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис бо сабаби пандемияи коронавирус бархӯрди навро талаб мекунад. Шарҳи ӯро хабаргузории France-Presse иқтибос овардааст.
Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис аз 26-уми июл то 11-уми август баргузор мешаванд.
"Бӯҳроне, ки мо имрӯз дучор шудаем, ба зиндагии рӯзмарраи мо таъсири дарозмуддат мерасонад, инчунин таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Он наметавонад ва набояд бидуни оқибатҳо гузарад ва мо ҳама аз он ҳамчун одамони нав хоҳем баромад. Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар ин замина низ истисно нестанд ва бояд ба таври дигар доир шаванд", - гуфт Дру.
"Лоиҳае, ки мо омода кардаем, аллакай кӯҳна шудааст ва ба воқеияти кунунӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Талаботи аввалини мо аз нав баррасӣ кардани буҷаи хароҷоти Олимпиада мебошад. Мо бояд ин бозиҳоро дубора таҷдиди назар кунем ва онҳоро ба ҷаҳони нав мутобиқ созем", - хулоса кард ӯ.
24-уми март маълум шуд Олимпиадаи соли 2020, ки баргузории он тобистони имсол ба нақша гирифта шуда буд, ба иллати пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Зарари созмондиҳандагон 2,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.
28-уми март Тони Эстанге, раиси кумитаи тадорукоти Олимпиадаи соли 2024, гуфт, ки пандемияи коронавирус омодагиро ба мусобиқа душвор хоҳад кард.
Авҷи бемории нави коронавирус дар охири соли 2019 дар Чини марказӣ ба қайд гирифта шудааст. 11-уми март Созмони ҷаҳонии беҳдошт онро пандемия донистааст. Дар ҷаҳон ҳудуди 3 миллион нафар ба ин бемории ҳамагир мубтало шуданд, ки зиёда аз 200 ҳазор нафарашон ҷон доданд.