Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 18-уми апрел бо судури як фармон қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро дар Русия, бинобар густариши бемории ҳамагири COVID-19, cабук кард.
Дар фармони Путин гуфта мешавад, ки муҳлати будубоши муваққат ва сабтиноми муҳоҷирон (регистратсия) аз 15-уми март то 15-уми июн боздошта шавад.
Ҳамчунон, Русия иҷозат дод, дар ин муддат муҳоҷирон бе патент кор кунанд. Ин қонун ба корхона ва ширкатҳои Русия ҳақ медиҳад, ки муҳоҷиронро бе патент ба кор бигиранд.
Пештар фаъолону ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон аз ҳукумати Русия хоста буданд, ки пардохти пули патенти муҳоҷиронро муваққатан боздорад. Худи муҳоҷирон низ мегуфтанд, дар шароити коронавирус бекору бепул мондаанд ва имкони пардохти пули патентро надоранд.
Нархи якмоҳаи иҷозаи кори муҳоҷирон дар ҳар шаҳру минтақаи Русия гуногун аст ва аз 3 ҳазор то 10 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасмими ҷониби Русияро барои муҳоҷироне, ки дар шароити бади иқтисодӣ қарор доштанд, "муҳиму саривақтӣ" хонд.
Вай гуфт, "он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки алъон дар қаламрави Русия ҳастанд, бе патент ва сабтином метавонанд кору зиндагӣ кунанд, вале баъд аз 15-уми июн барои кор бояд пули патентро пардохт намоянд."
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар моҳҳои март ва апрел дар навбатҳои дароз истода, пули патентро супоридаанд. Онҳо мепурсанд, ки оё ҷониби Русия маблағи патенро бармегардонад ва ё имтиёзи дигаре хоҳад дод?
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ гуфт, посухи ин суолро аз мақомоти Русия дархост кардаанд ва ибрози умед намуд, ки ҳарчи зуд вокуниши мусбат мегиранд.
"Бале, теъдоде аз муҳоҷирони тоҷик барои моҳи апрел пули патентро пардохтаанд. Фармон аз санаи 15-уми март ба ин тарафро дар бар мегирад. Ҳоло онҳое, ки патент доранд ва онҳое, ки патент надоранд, дар як саф ҷой гирифтанд. Ин нобаробарӣ аст. Барои ҳамин, фикр мекунам, ба нафароне, ки барои моҳи апрел патент гирифтаанд, сабукӣ дода мешавад. Шояд, такрор мекунам шояд, онҳо аз пули патенти як моҳи дигар озод карда шаванд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳбари намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия дар идома гуфт, он шаҳрвандони кишвар, ки то 15-уми март дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ кардаанд, низ аз фармони нави Путин баҳравар мешаванд, "аммо пас аз анҷоми муҳлати фармон, 16-уми июн, наметавонанд муҳлати патент ва сабтиноми иқомати худро дароз кунанд."
Ба ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули интиқолии муҳоҷирон аст.
Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон наздики 2 миллиарду 600 миллион доллар фиристодаанд, ки ба 33 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Аз ҳоло пешбинӣ мешавад, шароите ки коронавирус ба вуҷуд овардааст, ба даромади муҳоҷирон дар Русия зарбаи сахте хоҳад зад ва паёмадашро хонаводаҳо дар Тоҷикистон низ эҳсос хоҳанд кард.
Тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бахши асосии онҳо муҳоҷири мавсимиянд ва бештар дар сохтмонҳо кор мекунанд.
Дар бораи мушкили патенти муҳоҷирон:
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ба патент пул надорем" Дархости лағви андозу патенти муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кордеҳон дар Русия муҳоҷиронро ба рухсатии бемузд мефиристанд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гӯшанишинии дастаҷамъона. Осебпазирии муҳоҷирони тоҷик аз коронавирус дар Русия ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муҳоҷирони корӣ талаб доранд, ки пардохти патент бекор карда шавад. ВИДЕО