Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумон интихоб ва расман шахси дувуми Тоҷикистон шуд. Интихоби ӯ 17-уми апрел бо овоздиҳии пинҳонӣ аз сӯи аъзои Маҷлиси Миллӣ сурат гирифт.
Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Дигар дар Тоҷикистон танҳо як суоли муҳим беҷавоб монд: кай карантин эълон мешавад ва оё мешавад?
Эҳтимоли эълон шудани карантин аз бегоҳи 16-уми апрел дар фикрҳо пайдо шуд: вақте президент Раҳмон ҷаласаи фаврии ҳукумати худро баргузор кард ва шабакаҳои ТВ шабу рӯз аз хавфҳои коронавирус ва таҳдидҳои эҳтимолиаш ба кишвари мо мегӯянд.
Воқеан, пештар дар ин бора, ки Тоҷикистон низ ахиран ягон тасмими ҷиддӣ дар мавриди бӯҳрони ҷаҳонӣ хоҳад гирифт, ҳадс ҷо дошт. Аввал, назарҳое буд, ки шояд президент аз ҷашнҳои наврӯзии вилояти Суғд бармегардаду баъдан тасмим хоҳад гирифт. Дертар гуфта мешуд, ки ҳоло бояд иҷлосияи аввалини Маҷлиси Миллиро баргузор кунанду шояд баъд ба ин мавзӯъ баргарданд, чун ин иҷлосия “хеле муҳим аст”.
Дар ҳамин ҳол, таъини 8 узви Маҷлиси Миллӣ, ки бояд аз ҷониби президент сурат мегирифт, бори аввал дар таърихи 20-солаи ин ниҳод, бо дермонӣ сурат гирифт. Ним соат пеш аз таъиноти ахири сенаторҳо дар рӯзи 15-уми апрел, ҳамон тавре дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон мебинем, ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ дошт. Аммо дар фармонҳои пас аз ин сӯҳбат содиршуда низ, номи ҳамагӣ 6 нафар буд, на 8, ки аъзои қабати болоии парлумонро бояд пурра кунад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки мувофиқи моддаи 52-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”: “Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 30 рўзи баъди интихоботи Маҷлиси намояндагон ба фармони худ таъйин мекунад”.
Бо ҳамин, ба ғайр аз нодида гирифтани талаботи қонун, ки ҳуқуқдонҳо дар борааш сухан мегӯянд, ҳамчунин интрига ё муаммои як рӯз пеш аз баргузории иҷлосияи қабати болои парлумон танҳо як чӣ буд: оё то субҳи 17-уми апрел ду нафари дигарро таъин мекунанд, ё не?
Фарзияҳое ҷо доштанд, ки ду нафари таъиннашуда метавонанд Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Озода Раҳмон бошанд. Дар ин сурат, як муаммои дигар пеш меомад: аз байни 3 нафар – Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев кӣ шахси дуюми расмии Тоҷикистон интихоб мешавад?
Ин эҳтимол ҳам буд, ки шояд барои 2 ё 3 сол Убайдуллоев боз ҳам раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуда, пас аз таҷлили 30 – солагии Истиқлол ҳам ӯ ва ҳам Эмомалӣ Раҳмон истеъфо хоҳанд дод, то “насли нави сиёсатмадорон” ба майдон биёянд.
Ҳоло ки ин иттифоқ пеш наомад, дигар маълум буд: шаҳрдори Душанбе ва писари президент - Рустами Эмомалӣ раис шуд!
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шахси дувуми Тоҷикистон шудХотиррасон мешавем, ки Маҷлиси миллӣ дар чорчӯби ислоҳоти Қонуни асосии кишвар соли 1999 таъсис ёфт ва нахустин интихоботаш соли 2000 сурат гирифт. Он ислоҳоти Қонуни асосӣ дар заминаи Созишномаи сулҳ бо мухолифин анҷом ёфт.
Гуфта мешуд, он вақт тарси шикасти элитаи ҳукмрон дар интихоботҳои парлумонӣ вуҷуд дошт ва онҳо ба эҷоди палатаи болоии парлумон барои ҳамин розӣ шуданд, ки агар назорати Маҷлиси намояндагон – қабати поёнии парлумон ба дасти мухолифин биафтад, Маҷлиси миллӣ ҳамчун палатаи болоӣ битавонад дар роҳи қудратталабии маҷлиси поёнӣ садҳои қонунӣ эҷод кунад.
Мухолифини сиёсӣ - мазҳабӣ бошанд, онро ҳамчун “ҳилаи шаръӣ” истифода кардан мехостанд. Тавре Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – яке аз роҳбарони аршади нерӯҳои мухолиф дар солҳои 90, ки аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси Миллӣ ҳам буд, баъдан дар мусоҳибаҳояш гуфт, назари онҳо чунин буд, ки ба воситаи сенат онҳо Эмомалӣ Раҳмонро мутмаин кардан мехостанд, ки пас аз канор рафтанаш аз президентӣ аз саҳнаи сиёсӣ дур намешавад ва ҳамчун президенти собиқ узви сенат боқӣ монда, бо ин “мақоми дахлнопазирӣ пайдо мекунад ва аз таъқибу ҳар гуна ҳолатҳо худро ҳифз менамояд”.
Он чи ки иттифоқ наафтод. На Эмомалӣ Раҳмон аз президентӣ рафт, на нерӯҳои мухолиф шаклгирифта ва таъсиргузор шуданд.
Аммо масъалаи аъзо ва раиси қабати болоии парлумон ду дафъа ба як муаммои сиёсӣ дар Тоҷикистон табдил ёфта буд. Соли 2005, ки ҳарчанд шаҳрдори собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев аъзои Маҷлиси Миллӣ интихоб шуда буд, вале гуфта мешуд мавзӯи раис боқӣ монданаш то охир ҳал нагардид. Пеш аз ин интихобот Убайдуллоев сафари Маскав дошт ва муддати тӯлонӣ дар он ҷо боқӣ монд. Ҳарчанд мегуфтанд, ки ин сафар ба хотири табобати духтараш сурат гирифтааст, вале ӯ замоне ба Душанбе баргашт, ки Президенти Тоҷикистон ба як мулоқот бо Президенти Русия ба Маскав даъват шуда буд. Дар ҳақиқат дар иҷлосияи аввалини он замон ӯ аз нав раиси Маҷлиси Миллӣ гардид.
Соли 2015, пас аз интихоби навбатиаш ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси Миллӣ, Убайдуллоев дар иҷлосияи аввалини шаҳрдорӣ гуфт, ки ӯ ариза барои истеъфо навишта буд, вале президент онро қабул накарда, гуфтааст, ки ҳоло вақти рафтанаш нест. Ба гумони ғолиб ин фурсат соли 2017 – замоне расид, ки Эмомалӣ Раҳмон писари худро шаҳрдори Душанбе таъин намуд.
Ҳоло Рустами Эмомалӣ нафари дуввуми Тоҷикистон -раиси Маҷлиси Миллӣ ҳам ҳаст.
Тибқи моддаи 56 -и Қонуни асосии Тоҷикистон салоҳиятҳои ин ниҳод иборатанд аз:
Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;
Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Муҳимтар аз ин, дар ҳолати корношоям гардидани Президенти Тоҷикистон, ё бемориву фавти ӯ, раиси ин маҷлис то интихоботи ғайринавбатии президентӣ роҳбарии давлатро ба зимма мегирад.
Зимнан, дар Тоҷикистон аз ибтидои пайдоиши қабати болоии парлумон назарҳо дар бораи зарур набудани он идома дорад. На танҳо мухолифини ҳукумат, балки идеологҳои он ҳам як замон зидди мавҷудияти Маҷлиси Миллӣ сӯҳбат мекарданд. Аз ҷумла, Сӯҳроб Шарипов, ки роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, боре дар ин бора изҳори назар кард. Ин гуна масъалагузориро як навъ “фишори равонӣ” дар муҳити сиёсии он замон ҳам мегуфтанд. Дуруст аст, ки дертар фикрашро иваз намуд.
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Тӯраҷонзода, ки мегуфт дар ибтидо худи ҳукумат барои ташкили Маҷлиси Миллӣ мухолифат мекард, акнун зарурати вуҷуди онро бештар барои худ эҳсос кардааст. Бовуҷуде ӯ мегуфт, ки шеваи кор дар ин қабати болоии парлумон ба дарди касе намехӯрад:
Маҷлиси Миллӣ мисли Сенати Амрико ҳаққи ворид кардани тағийрот ба қонунҳоро надорад. Тибқи қонунҳои имрӯза он қонунро яклухт қабул мекунад ё яклухт мегардонад. Масалан, дар як боб ва ё банди қонун ҳуқуқи тағийрот ворид карданро надорад. Яклухт мегардонад ва пешниҳод мекунад, ки дар ин боб ва ё банд тағийрот дароварда шавад. Аммо дар ҳамин панҷ сол мо надидем, ки чунин кор шуда бошад, чизе ки меомад, қабул мешуд.
Дафтари матбуотии Маҷлиси Миллӣ мегӯяд, дар 20 соли фаъолият ин қабати парлумон ҳудуди 30 қонунро ҷонибдорӣ накардаву бозпас гардонидаанд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи аввалини Маҷлиси Миллӣ, ки баъди барканории Убайдуллоев аз мақоми шаҳрдорӣ дар моҳи феврали соли 2017 сурат гирифт, онҳо қонуни нав дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, ки аз ҷумла дар ҳолатҳои истисноӣ вуруди бе иҷозаи маъмурони амниятӣ ба хонаи сокинонро иҷоза медод, қабул накарданд.
Бештар аз ин, ӯ пешниҳод кард, ки бо назардошти таҷрибаи бисёре аз кишварҳои дунё палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доимоамалкунанда бошад: “Ба фикрам, замоне фаро расидааст, ки ба қонун “Дар бораи Маҷлиси миллӣ” тағйирот ворид карда шавад, ки мувофиқи он раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо аз ҳамаи кору мансабҳои давлатӣ озод ва фаъолияташон доимиву пардохтшаванда гардад”.
Вале ҳоло саволи асосӣ ҳамин аст, ки шояд бо ҳамин усули фаъоли худ қабати болоии Тоҷикистон зарурат надорад? Хоса бо ин ки акнун “хавфҳо” аз байн рафтанд ва нафари дувуми кишвар ҳам “одами худист”.
Ё шояд мисли Қазоқистон, акнун дар Тоҷикистон ҳам, пас аз 30 солагии Истиқлолият як интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ пеш ояду ба ин курсӣ як “одами бегона” нишинад? Мисли Қосимҷомарт Тоқаев, ки тақрибан нақши муҳиме надорад...
Ин нафар кӣ метавонад бошад?
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.