Мурофиаи хабарнигори тоҷикро ба таъхир андохтанд.ВИДЕО

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, ки қарор буд баъд аз зӯҳри 13-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баргузор шавад, ба таъхир афтод. Вакили дифои Далер Шарифов сабаби таъхири мурофиаро ҳозир нашудани намояндаи додситонӣ гуфт.

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Далер Шарифов баъд аз баромадан аз назди додрас гуфт, ки мурофиа рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми апрел баргузор хоҳад шуд.

Додрас то ба ҳол нагуфтааст, ки мурофиа пушти дарҳои баста мегузарад ё на. Аммо вакили дифои Далер Шарифов гуфт, ки ҳеҷ далеле барои пушида гузаштани мурофиа вуҷуд надорад. "Ба ҳар ҳол, ин дар салоҳияти додгоҳ аст",-афзуд вай.

Рӯзи 13-уми апрел хабарнигорони зиёд ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назди Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур омада буданд. Рузноманигорон ва фаъолони ҳомии ҳуқуқ умед доштанд, ки онҳоро ба толори мурофиа роҳ медиҳанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқ ва роҳбари созмони "Перспектива+" мегӯяд, "агар адолати судӣ дар Тоҷикистон бошад, Далер бояд ҳатман озод карда шавад. Шахсан ман бисёр мақолаҳояшро хондам, дар ягонҷо ягонаи нишонаи ҷиноӣ надидам, ман ҳуқуқшинос ҳастам".

Мурофиаи парвандаи Далер Шарифов ба таъхир афтод

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Мақомот Шарифовро расман ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам мекунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Далер Шарифов аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақола"-е нашр кардааст, ки ба қавли додситонӣ "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" ҳастанд ва "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд".

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Наздикон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ин иттиҳомро беасос медонанд ва озодии ҳарчи зуди ӯро талаб доранд.

Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомотро беасос номида ва гуфтаанд, ӯ ба ҳайси журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, вале "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".

Парвандаи Далер Шарифов рӯзи 3-юми апрел ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол шуда буд.

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳокимаи хабарнигор Далер Шарифов ба таъхир гузошта шуд

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва озодии баён аз боздошти Далер Шарифов изҳори нигаронӣ карда, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии ӯро талаб кардаанд.

Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи муштарак аз мақомот хостанд, тазмин бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад ва ӯ шиканҷа намешавад.

Ин созмонҳо ҳукуматро тайи чанд соли ахир барои саркӯби дигарандешону матбуоти мустақил пайваста танқид кардаанд.

Дар баёнияи се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, аз соли 2015 инҷониб дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон ва дастрасии мардум ба озодии баён бадтар шуда, мухолифон саркӯб гардиданд ва фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ танг гашт. Мақомот ҳамвора ин танқидҳоро рад кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!