Бензин каме арзон шуд, аммо ба нархи ғизо таъсир накард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Арзиши маводи сӯхт дар аксар кишварҳои дунё ба таври бесобиқа поин рафт. Сабаби аслӣ -- коҳиши босуръати нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва хуруҷи коронавирус гуфта мешавад. Вале дар Тоҷикистон вазъ дигар аст. Ба фарқ аз аксар дигар кишварҳо, таъғйирот дар нархи сӯзишворӣ инҷо чандон чашмрас нест.