Муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, пули қарзи бонкҳоро дода наметавонанд ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки муваққатан пардохти пули қарзи бонкии онҳоро боздоранд. Пас аз хуруҷи короновирус ва ҷорӣ шудани реҷаи каратин дар Русия, қисме аз муҳоҷирон бе кор монданд ва даромадашонро аз даст додааанд.
Акбарҷон Воҳидов, муҳоҷири кории тоҷик, мегӯяд манбаи даромадашро дар Русия аз даст дод ва акнун наметавонад қарзи бонкро бозгардонад. Муҳоҷири тоҷик рӯзи 9-уми апрел дар як суҳбат бо радиои озодӣ гуфт, "мо аз банк қарздорем ва онро бояд супорем. Аммо пардохт карда натавониста истодаем. Аз шумо эҳтиромона (манзур ҳукумат) хоҳиш мекунем, ки як муддат пардохти қарзи мо қатъ карда шавад".
Муҳоҷирони корӣ бахши бузурги муштариёни бонкҳои Тоҷикистонанд. Сафари қисме аз муҳоҷирони корӣ бо Русия аз бонк шурӯъ мешавад. Чун то оғози мавсими муҳоҷират пасандози муҳоҷирон ба поён мерасад ва онҳо ба бонкҳо рӯ меоранд. Қарз гирифта чипта мехаранд ва дар давоми кор дар муҳоҷират қарзи бонкҳоро мепардозанд.
Бар иловаи ин, як қисме аз хонаводаҳо бо такя ба даромаде, ки аз ҳисоби фарзандони муҳоҷирашон ба даст меоранд, аз бонкҳо қарз гирифтаанд. Бонкҳо дар Тоҷикистон ба муштарие, ки давоми 8 моҳи охир аз хешованди муҳоҷираш мунтазам пул дарёфт кардааст, қарз пешниҳод мекунанд.
Ҳоло ки муҳоҷирон дар Русия бинобар реҷаи карантин ҷойи кор ва даромади худро аз даст доданд, бозгардони ҳама қарзҳое, ки бар асоси даромади муҳоҷирон дода шуда буд, зери суол рафт. Ин аст, ки муҳоҷирон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо доранд пардохти пули қарзи бонкии онҳоро бидуни ҷарима ва ҷазоҳои иловагӣ ба таъхир гузоранд ва ё ба истилоҳ "таътилҳои қарзӣ" ҷорӣ кунанд.
Зимнан, ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон - Узбекистон ва Қирғизистон ва ҳамчунон Озарбойҷону Арманистон "таътилҳои қарзӣ эълон" карда, муҳлати пардохти як зумра қарзҳоро дароз намуданд. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ, Бонки миллӣ низ айни замон таҷрибаи ин кишварҳоро омӯхта истодааст.
Аммо Тоҷикистон то ҳанӯз дар мавриди боздоштани пардохти қарзҳо ва ё ягон имтиёзҳои дигар дар ин замина ба шаҳрвандон иқдом накардааст. Раиси Бонки милли Тоҷикистондар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё пардохти қарзи бонкии онҳое, ки дар шароити мушкил қарор гирифтаанд муваққатн боздошта мешавад ва ё не гуфт, ин масъала хеле муракаб аст.
"Ҳоло мо ин масъаларо мо дида баромада истодаеам. Пешниҳодҳо мешаванд, мо бояд инро таҳлил кунем, ки чанд фоиз мешавад? Чӣ таъсир мерасонад ба бонк, ба даромади бонк? Бубинед, даромади бонк аз ҳисоби депозитҳо - аз ҳисоби мардум аст. Дар сурати аз нав дида баромадани фоизҳо, мо ба мардум бояд аввал фаҳмонем, ки мо фоизҳои даромади амонати шуморо паст мекунем, маблағҳоятонро сари вақт дода наметавонем",-иброз дошт раиси Бонки миллӣ.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 9-уми апрел Бонки миллӣ эълон кард, ки меъёри захираҳои ҳатмии бонкҳоро аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ 2 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 4 дарсад поин овард. Ба ин тартиб, беш аз 247 миллион сомонӣ пули иловаги озод дар ихтиёри бонкҳои тиҷоратӣ қарор мегирад.
Бинобар иттилои Бюрои қарзӣ, ки раванди қарздиҳӣ ва бозпардохти қарзҳоро дар тамоми бонкҳои Тоҷикистон назорат мекунанд, аз 40 то 50 дарсади қарзҳое, ки бонкҳо медиҳанд, қарзҳои истеъмолианд ва зомини бахши аъзами чунин қарзҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар Русия ҳоло 486 ҳазор нафар муҳоҷирон қарор доранд. Мақомоти Русия шумори муҳоҷирон аз 1 миллион нафар бештар аст. Даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират аст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!