Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби омодагии кишвар ба муқобила бо вируси ҳамагири КОВИД-19, ба аҳолии камбизоат ва маъюбон се миллион доллар кумак карда хоҳад шуд. Насим Олимзода рӯзи 8-уми апрел, баъди иштирок дар ҷаласаи порлумон, гуфт, ин бахше аз кумаки беш аз 11-миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ аст.