Мансабдорони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо пайравӣ аз иқдоми Ёдгор Файзов, раиси ин вилоят водор шудаанд дар канори сокинони оддӣ шахсан дар корҳои ободонӣ ва тозакунии атроф саҳм бигиранд. Ҳафтаи гузашта Файзов дар поккории ҷӯйборе дар маркази шаҳри Хоруғ ширкат кард ва ин хабар ҳамроҳ бо акси ӯ расонаӣ шуд.
Бархе аз шореҳон ин кори Ёдгор Файзовро далели "раиси мардумӣ" будани ӯ номиданд, аммо бархи дигар онро як талоши намоишкорона унвон карданд. Акнун идома пайдо кардани ташаббус низ суолҳоеро ба бор меорад.
Роҳбарони дараҷаҳои гуногун аз фурсатҳои муайяне барои сохтан ё баланд бурдани симо ва обрӯйи худ истифода мекунанд.
Бархе аз нозирон акси раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзовро ҳангоми поккории як ҷӯй дар маркази Хоруғ ҳамин гуна шарҳ медиҳанд, вале бархи дигар дар шакабҳои иҷтимоӣ менависанд, ӯ ба чунин таблиғ эҳтиёҷ надорад ва ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани як намунаи оддӣ барои мансабдорони дигар аст.
Ғолиб Ниятбекзода, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 2-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран дар ҷаласаи раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои вилоятӣ раиси вилоят Ёдгор Файзов ба онҳо дастур дод, ки аз ин баъд худро аз мардум дур нагиранд.
Вай афзуд, "дар ҷаласа Ёдгор Файзов бо хитоб ба раисони шаҳру ноҳияҳо гуфтанд, ки новобаста аз вазъи иҷтимоии худ, ки ҳоло раис ҳастем, бояд дар канори мардум бошем ва дар ободии шаҳру ноҳияҳо саҳм бигирем. Ҳар яке аз мо сокини ҳамин вилоят ҳастем ва фарқ надорад, тозакунии ҷӯйбор аст ё сохтани девор, дар баробари мардуми оддӣ бояд заҳмат бикашем".
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ғолиб Ниятбекзода, ширкати Ёдгор Файзов дар тозакунии ҷӯйборе дар канори бозори марказии шаҳри Хоруғ расонаӣ шуд ва ҳамовозӣ пайдо кард. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, мансабдорони дигар ба ин иқдом чӣ вокуниш доштанд.
Худи Ёдгор Файзов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки минбаъд раисони шаҳру навоҳии вилоят вазифадор шудаанд дар канори мардум дар ободонии диёр кор кунанд.
Файзов гуфт: "Ду рӯз қабл як намояндаи Ҳукумати ноҳияи Шуғнон ба наздам омад ва гуфт, ки раиси ноҳия бел дар даст баробари сокинони дигари ноҳия гулгашти кӯчаи маркази ноҳияро побел кард. Баъд аз сӯҳбати мо раисон вазифадор шуданд, ки худро аз мардум дур нагиранд. Мо ҳама сокини ҳамин вилоят ҳастем, фарқ надорад раис ё гадо".
Ёдгор Файзов афзуд, ки худ дар хонаводаи кишоварз таваллуд шудааст ва иҷрои корҳои меҳнатталаб барояш як амри маъмулӣ мебошад. Вай афзуд, ки ҳатто баъд аз ба вазифаи раиси вилоят таъйин шуданаш, дар ҳавлии худ заминро побел карда, машғули сохтмон мешавад.
Ба гуфтаи сухангӯи Ҳукумати вилояти Бадахшон, Ёдгор Файзов ба ҷойи кор ва манзилаш пиёда меравад ва аз истифодаи мошини хидматӣ даст кашидааст. Ҳамчунин вай аз муҳофизон даст кашида, баробари кормандони дигари Ҳукумати вилоят дар ошхона ғизо мехӯрад. Бархе аз мунтақидон Ёдгор Файзовро дар популизм ё намоишкорӣ айбдор мекунанд.
Вале, Амнияти Абдуназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон ва зодаи ин вилоят дар шарҳи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан Ёдгор Файзов аз камтарин "раисони мардумӣ"-и Бадахшон мебошад.
Вай гуфт: "Шахсан бо Ёдгор Файзов шинос нестам. Аммо, мардуми Бадахшон вай ва Ғарбишо Шаҳбозов, раиси собиқи вилояти Бадахшонро "раисони мардумӣ" меноманд. Мардум ин ду нафарро зиёд эҳтиром мекунанд, зеро ҳарду ҳамеша дар канори сокинони вилоят буданд ва ҳастанд".
Амнияти Абдуназар дар посух ба ин савол, ки чаро дар дигар вилоятҳо ва пойтахти кишвар чунин амалкарди раисон мушоҳида намешавад, гуфт, ки "Тоҷикистон кишвари фасодзада аст ва баъд аз ишғоли вазифае мақомдорон зарур намедонанд, ки дар канори сокинон бошанд".
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар посухи катбӣ ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки оё ба чунин амалкарди вилояти Бадахшон раисони вилоятҳо ва шаҳрҳову навоҳии кишвар низ пайравӣ хоҳанд кард, ҷавоби духӯраи "шояд" дод.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар бархе аз маъракаҳои ободгардонӣ ва ниҳолшинонӣ ширкат кардааст, аммо ин намунаи ӯ ба раҳбарони дигар таъсири густарда надоштааст ва онҳо бештар маъракаҳои истиқболу лентабуриро бо ширкати духтарони мактабхон ба ҷузви кори худ табдил додаанд.
Ёдгор Файзов моҳи октбяри соли 2018 баъди интиқодҳои президенти Тоҷикистон аз тартибу интизом дар вилоят зимни роҳбарии Шодихон Ҷамшед ба вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуда буд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!