Узбекистониҳои аз 65-сола болоро аз ҳаққи кӯча баромадан маҳрум карданд

Кӯчаҳои холии Тошканд.

Дар Узбекистон сар аз 1-уми апрел афроди аз 65-сола боло иҷозаи аз хона баромаданро надоранд. Ба наздиктарин мағоза ва ё дорухона рафтан истисност.

Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза зидди вируси корона чунин қарор қабул кард.

"Сар аз 1 апрел шаҳрвандони аз 65-сола боло хонаҳояшонро набояд тарк кунанд. Ба мағоза ва ё дорухонаи наздики манзил рафтан истисност", - хабар додааст комиссия.

Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, 190 шаҳрванди ин кишвар мубтало ба коронавирус шудаанд. Аз ин шумор 12 кас шифо ёфт, ду тан вафот кардааст.