Шоҳида Қаландарова имсол дар ду мусобиқаи наврӯзӣ ширкат варзида, дар рақобат бо писарон ғолиб омад ва бо маҳорати баланди гуштигираш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шуҳратманд гашт. Шоҳида дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. 21 сол дорад. Аз хурдӣ ба гуштин ҳаваси зиёд доштааст. Падараш ӯро дар тӯю маъракаҳо ҳамроҳи худ мебурд ва бо писарон гуштӣ меандохт. Аз ҳамон замон вай дар сабқатҳои наврӯзии паҳлавонӣ иштирок мекунад.