Ҷейми Флай талошҳои фишор ба Радиои Озодиро танқид кард

Аз чап: Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сюрих, Швейтсария, 7 ноябри соли 2019

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар номае ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин аз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумати Тоҷикистон барои дахолат дар фаъолияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ибрози ноумедӣ кардааст. Ин паёми Ҷеймӣ Флай дар посух ба номаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 25 марти соли равон фиристода шудааст. Сироҷиддини Муҳриддин дар он нома аз раҳбари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хоста буд, ки кормандони ин расона ба қонунҳои Тоҷикистон арҷ гузоранд ва "маълумотеро паҳн кунанд, ки бар пояи фактҳои воқеӣ буда, ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмии миёни шаҳрвандони кишвар" мусоадат кунад.

Дар посух Ҷеймӣ Флай менависад: "Имрӯзҳо, ки хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ барои бозтоби дунёгир шудани вируси корона сабқат меҷӯянд ва холигоҳи иттилоотиро пур мекунанд, ҳукумати Тоҷикистон монеи талоши онҳо мешавад ва ҳатто парвонаи кори хабарнигориро аз онҳо дареғ медорад". Ин шикоятест, ки Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ матраҳ кардааст.

Ӯ рӯзи 30-юми март дар номае ба Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумат барои дахолат дар фаъолияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ изҳори ноумедӣ кардааст.

Ба гуфтаи вай, ин кӯшишҳо дар "замоне ҳассос" ва дар ҳоле сурат мегирад, ки теъдоди корбарони Радиои Озодӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ин амр нишон медиҳад, ки мардум ҳоло "беш аз ҳар вақти дигаре ба дарёфти хабару гузоришҳои он ниёз доранд".

Радиои Озодӣ дар иттилоърасонӣ ба мардуми Тоҷикистон нақши муҳим дорад – кишвари фақире, ки бо Чин ва Афғонистон ҳаммарз аст ва вокуниши сусте ба дунёгир шудани вируси корона доштааст. То ҷое ки параду роҳпаймоиҳои умумиро дар Наврӯзи гузашта иҷоза дод ва бозорҳояш ба рӯйи мардум кушода аст.

Радиои Озодӣ сафҳаи пурбинандае дар Инстаграм ва як канал бо ҳудуди як миллион муштарӣ дар Ютюб дорад, ки бузургтарин канали видеоӣ дар кишвар аст ва манбаи асосии хабар ва роҳнамоиҳои беҳдоштӣ барои ҷамъияти зиёди муҳоҷир ва ҷавонони тоҷик ба шумор меравад.

Бо ин ҳол, мақомот аз суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ барои посух додан ба суолҳо худдорӣ карда, онҳоро аз ҳаққи иштирок дар нишастҳои матбуотии Вазорати беҳдошт ва ниҳодҳои дигар маҳрум сохтаанд.

Ҷеймӣ Флай мегӯяд: "Мо гумон мекунем, дақиқан ба хотири гузоришгарии фаъолонаи мо дар бораи коронавирус ҳафтаи гузашта ҳукумат торнамои Радиои Озодиро баст ва ба бозтоби ин масоил дахолат кардааст".

Иқдомоти ахир барои хомӯш кардани садои Радиои Озодӣ дар ҳоле ба миён меояд, ки мақомоти Тоҷикистон дар гузашта аз додани муҷаввиз ё аккредитатсия ба шуморе аз хабарнигорони ин радио худдорӣ кардаанд.

Флай надодани аккредитатсияро ба ин ё он хабарнигори Озодӣ талоши мақомоти тоҷик ба интихоби кормандони ин расона ва назорат ба гузоришҳои он номидааст. Вай, инчунин, мегӯяд, ин амр бар хилофи ваъдаи ошкорест, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ба Радиои Озодӣ дода буд. Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти хабарӣ гуфта буд, рӯзноманигоронеро зери суол хоҳад гузошт, ки дар гузоришҳояшон ба камтарин нуктаи хилофи сиёсатҳои давлат роҳ медиҳанд. Дар номааш аз 25 март вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст: "Бо таассуф бояд зикр намуд, ки кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба бозтоби пешдоваронаи масъалаҳои барои Тоҷикистон калидӣ идома медиҳанд ва фазои иттилоотии кишвари моро бо мақсадҳои муайян истифода мебаранд. Аз ҷумла мусоҳибаи раҳбари ТЭО ҲНИ (созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон) Муҳиддин Кабирӣ [...] ба ноором кардани вазъ дар кишвар равона карда шудааст.

Флай кӯшишҳои дигари мақомоти тоҷикро барои озору азият ва тарсондани кормандони Озодӣ, аз ҷумла маъракаи беобрӯкунӣ дар расонаҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳқири кормандони ин расонаро маҳкум кардааст ва мегӯяд, афроди тарафдор ё наздик ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистон матлаб ё шарҳҳое мунташир мекунанд, ки дар онҳо надодани аккредитатсия ҳимоят ва истиқбол шуда, кормандони Радиои Озодӣ ба "шӯрандозӣ", "бесадоқатӣ ба кишвар" ва гуноҳҳои дигар айбдор мешаванд ё ҳатто ба намояндагии радио дар Душанбе тамғаи “лонаи ҷосусон” зада мешавад.

Ҷейми Флай ҳамчунин иддаоҳои вазири умури хориҷии Тоҷикистонро, ки гӯё бозтоби фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар Радиои Озодӣ ба маънои пуштибонӣ аз терроризм ва далеле барои саркӯби ин расона аст, бепоя хонд. Вай гуфт: "Ҳамонгуна ки мо қаблан шарҳ додем, эъломи ҲНИТ ба унвони як гурӯҳи террорист аз сӯи давлати Тоҷикистон хилофи меъёрҳои тасдиқшудаи байналмилалӣ аст. То замоне ки аз хушунат худдорӣ мекунад ва ба қонунҳои мавҷуда пойбанд аст, ин ҳизб як унсури ҳаёти сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва Озодӣ ба гузоришгарӣ дар бораи он идома хоҳад дод".

Матни пурраи нома ба забони англисӣ инҷост.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки дар Душанбе дафтари корӣ дорад, яке аз сарчашмаҳои камшумори ахбори дақиқ дар Тоҷикистон аст. Ин расонаи мустақил бо гузоришгарӣ дар бораи мавзӯъҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз бозтоби онҳо чашм мепӯшанд, тавонистааст шумори азиме аз мухотабонро ба худ ҷазб кунад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо такя ба шабакае аз гузоришгарони маҳаллӣ бо 26 забон барои беш аз 37 миллион нафар дар 22 кишвари ҷаҳон иттилоърасонӣ мекунад.

Дар бисёре аз ин кишварҳо озодии матбуот маҳдуд аст, ё расонаҳои ҳирфаӣ ҳанӯз ба камол нарасидаанд. Видеоҳои Озодӣ дар соли 2019 беш аз 3,6 миллиард бор дар Фейсбук, Ютюб ва Инстаграм дида шудаанд. Радиои Озодӣ як ширкати расонаӣ бо хатти машй ва сиёсати таҳририяи мустақил аст, ки бо кумаки молии Конгресси Амрико аз тариқи Оҷонси Амрико барои Расонаҳои Ҷаҳонӣ фаъолият мекунад.