Сил гиребони Аҳмадҷонро сар додааст. ВИДЕО

Аҳмадҷон Нуралиҷонзода ҳашт моҳ дошт, ки ба бемории сил гирифтор шуд. Ҳоло ӯ дусола аст ва намедонад, ки дар ҳаштмоҳагӣ чӣ бемориеро пушти сар кардааст.

Волидон барои табобати фарзанди худ ҳама талошро карданд, то ӯро аз ин беморӣ наҷот диҳанд. Рӯшангул Бегназарова, бибии Аҳмадҷон мегӯяд, бемории наберааш аз як захми зери бағал оғоз шуд ва ташхис маълум кард, ки ба марази сил гирифтор шудааст.

"Дар зери бағалаш чизе баромад, Душанбе бурдем ва дар онҷо диданд ва ҷарроҳӣ карданд. Аз онҷо Беморхонаи диспансерӣ бурдем ва ташхис карданд, ки ҳамин будааст. Баъд шаш моҳ табобат кардем",-мегӯяд Рӯшангул Бекназарова.

Аҳмадҷон дар деҳаи ба сар мебарад, ки 20-соли пеш дар ҳар як хона як ё ду нафар ба бемории сил гирифтор буданд. Тағаймурод Одинаев, табиби минтақавӣ деҳаи Пушёни мобайн мегӯяд, "сил ду намуд мешавад -- шушӣ ва ғайри шушӣ. Бемории Аҳмадҷон ғайришушӣ буд. Вақте дар қайди мо афтод, доруҳои зиддисилиро гирифт. Имрӯз омадем, Аҳмадҷон солим аст ва бо ҳамсолонаш бозӣ мекунад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аҳмадҷони хурдсол чӣ гуна аз бемории сил шифо ёфт?

Раҷабалӣ Ҳасанов, сокини ноҳияи Восеъ баръакси хонаводаи Аҳмадҷон Нуралиҷонзода, дар оғоз ба муолиҷа дар хона пардохт. Ин мард баъди вахим шудани вазъи саломатиаш ба табибон муроҷиат намуд. Ташхис маълум кард, ки Раҷабалӣ Ҳасанов гирифтори бемории сил аст.

Раҷабалӣ Ҳасанови 66-сола мегӯяд, "агар гирифторон пурра табобат кунанд, сиҳат мешаванд. Ман замоне ба сил гирифтор шудам, вазнам 40 кило шуд, ҳоло, ки шифо ёфтам, 60 кило шудам ва ба корҳои хоҷагӣ машғулам".

Раҷабалӣ Ҳасанов мегӯяд, замони табобат худро аз наздикон канор мегирифт, то беморияш ба дигарон сироят накунад. Мегӯяд, вақте ба сиҳат шудан умед баст, ки мубориза бо силро ҷиддӣ гирифт.

Бемории сил, ба гуфтаи мутахассисон, сироятӣ, вале табобатшаванда аст. Табобати ин беморӣ дар Тоҷикистон ройгон пешбинӣ шудааст. Вале борҳо беморони сил шикоят карда буданд, ки доруҳои зидди ин беморӣ на ҳамеша дастрасанд.

Бино ба иттилои расмӣ, мубтало шудани сокинон ба ин беморӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар кишвар ҳудуди 10 ҳазор мубтало ба бемории сил сабт шудаанд.