Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо. Чаро тасмимҳо тағйир меёбанд?

Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз моҳи ноябри соли 2019

Солҳои ахир мақомдорони тоҷик бо далелҳои гуногун борҳо тасмимҳои худро тағйир додаанд ва ё бекор кардаанд. Таҳлилгарони мустақил мегӯянд, чунин тасмимҳо на ҳамеша санҷидашудаанд ва бештар маҳсули кори гуруҳҳои манфиатҷӯ мебошанд. Аммо ба андешаи коршиносони наздик ба ҳукумат, ин баёнгари азхудгузарии мақомот ва омода будани онҳо ба созиш аст.

Тасмим баъди манъ кардан

Баъди панҷ рӯзи мунтазирӣ дар фурудгоҳҳои Русия, шаби 25-уми март парвози вижаи ширкати "Сомон Эйр" 182 шаҳрванди кишварро, ки асосан муҳоҷирон буданд, аз фурудгоҳи "Жуковский"-и Маскав ба Кӯлоб расонд. Ин севвумин парвози вижа аз Душанбе ба Маскав баъд аз қатъи парвозҳо ба Тоҷикистон буд. Мақомоти тоҷик рӯзи 19-уми март эълон карданд, ки парвозҳо аз хориҷ ба Тоҷикистон дар пайи хатароти коронавирус баста мешавад.

Дар пайи ин тасмим садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Маскаву Истамбул, Дубай, Деҳлӣ, Новосибирск, Красноярск ва ҷойҳои дигар банд монданд. Чунин тасмими ногаҳонӣ ҳам ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҳам мусофиронро, ки пешакӣ чипта харида буданд, сарсон кард. Дар натиҷа, тавре манбаъҳои марбут ба бахши ҳавонавардӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, парвозҳо лағв карда шуданд ва мусофирон натавонистанд пули чиптаҳои харидаашонро бозпас бигиранд. Зеро ширкатҳои ҳавонавардӣ мегӯянд, лағви парвозҳо гуноҳи онҳо набуд.

Дар таҷрибаи сиёсии Тоҷикистон таҳти фишори ҷомеа, бознигарии тасмимҳои пешакӣ гирифташуда, хусусан дар солҳои ахир, як падидаи маъмул аст.​

Тасмимҳои тағйирёфта

Дар миёнаҳои моҳи март ҳукумати Душанбе изҳор дошт, ки мумкин аст тасмими манъи истифода аз худравҳои истеҳсоли то соли 2014 ба сифати таксӣ бознигарӣ шавад ва худравҳое, ки аз нигоҳи фаннӣ такмил шудаанд, метавонад барои ҳамлу нақли мусофирон истифода шаванд.

15-уми феврал раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарори тамдиди муҳлати сабти номи симкортҳо бо корти ҳувиятӣ (шиносномаҳои плостикӣ)-ро ду соли дигар - то 15 феврали 2022 имзо кард. Тибқи қарори пештараи ҳукумат шаҳрвандон мебоист, симкортҳои худро бо шиносномаҳои нав аввал то 15-августи 2019 ва баъдан пас аз тамдид то 15-уми феврали 2020 дубора сабти ном кунанд. Дар натиҷа, дар пайи муроҷиати аз ҳад беш идораҳои шиносномадиҳӣ фурсат намекарданд, ки ба шаҳрвандон хидмат расонанд. ВКД ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон аз дастгоҳи иҷроияи президент хостанд, ки замони сабти номи дубора симкортҳо дароз карда шавад.

Пурсишҳо ба тасмимгирандагон

Худдорӣ аз тасмими қаблан гирифташуда суолҳои гуногунеро пеши нозирин ва коршиносон ба бор меоварад. Аз ҷумла ин ки, то куҷо мақомоти давлатӣ миёни ҳам ба таври ҳамоҳангшуда кор мекунанд ва оё онҳо назари ҷомеаро ҳангоми гирифтани тасмимҳо ва ҳам пайомади қарорҳоро ба эътибор мегиранд?

Чаро тасмимҳо бо дермонӣ гирифта мешаванд ва аз қазияҳои қаблӣ сабақи лозим гирифта намешавад?

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил далели аслиро дар мутамарказшавии беш аз ҳадди қудрат ва зарфияти пасти кадрии ҳукумат мебинад.

"На ҳар мушовир ё нафари наздик ба шахси аввал ҷасорат нишон дода ба ӯ мегӯяд, ки тасмими қаблан гирифташуда чандон дуруст набуд ва вазъ тағйир ёфтааст. Дар зинаҳои поинтар ҳам тамаркузи беш аз ҳадди мудирият дар дасти шахси аввал шакл гирифтааст ва ҳар кадоме аз онҳо ҳангоми қабули қарор, пеш аз ҳама ризоияти раҳбари болотарро мунтазир мешаванд",- таъкид мекунад коршинос. Ба гуфтаи ӯ, шеваи қарор додани мардум дар карантин ва бозгардонидани онҳо ба ватан бозгӯкунандаи ҳамоҳангии заъиф миёни мақомоти давлатӣ ва омодагии паст ба вазъи фавқулода аст.

Ин нуқтаи назарро сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки бар асари набуди рӯйкарди ягона тағйирот дар стратегия ва гузаштан аз як ночорӣ ба ночории дигар ба назар мерасад.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, "ба ҷуз ин, мушкили асосӣ дар фаъолияти гуруҳҳои қавии лоббигаре (манфиатҷӯе) чун Хадамоти алоқа аст. Онҳо ба фоидаи хоси тиҷоратии худро бартарӣ медиҳанд, ки аксаран зидди манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ мебошанд".

Соли гузашта дар Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор дар бораи боло бурдани ҳаққи истифодаи интернет ва тамосҳои мобилиро бекор кард. Ин қарор нигаронии бесобиқаи шаҳрвандонро, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ба бор оварда буд ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон онро бекор кард.

"Ҳар санаде бо дарназардошти назари шаҳрвандон пазируфта мешавад"

Таҳлилгари сиёсии наздик ба мақомоти давлатӣ дар суҳбати бидуни микрафон гуфт, ки бештари стратегия ва барномаҳо дар мақомоти давлатӣ бар пояи назарсанҷиҳои иҷтимоӣ қабул карда мешаванд. Аммо ба далели он ки дар кишвар марказҳои таҳлилии мустақил нестанд, тасаввурҳои мухолиф ҳосил мешавад.

"Агар дар бораи таъсири ҷомеа суҳбат кунем, пас меъёри муоинаи пизишкии пеш аз издивоҷ ташаббуси яке аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Кӯлоб буд",- мегӯяд коршинос. Ба гуфтаи ӯ, қариб тамоми пешниҳодҳои шоиста дар мақомоти давлатӣ пазируфта мешаванд, вале масъалаи иҷрои онҳо ба маблағгузорӣ ва маҳорати мансабдорон дар маҳалҳо вобаста аст. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳар ҳафта, шанбеҳо, мақомоти маҳаллӣ шаҳрвандонро мепазиранд, вале на ҳамеша пешниҳоди одамон коромад ва созанда аст.

"Дар ҳар сурат, инро ки мақомот тасмимҳои худро тағйир медиҳанд набояд чун заъф қабул кард, эътирофи иштибоҳ дар сиёсат як қадами бисёр дуруст ва шоиста аст",- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Рӯзноманигор Марат Мамадшоев бо ин андеша ҳамнаво нест. Ӯ мегӯяд, ки зарфияти фикрии мақомот нокофӣ ва дур аз ҷомеа аст.

Ба қавли Мамадшоев, "баъзан лағви тасмимҳо, аз қабули онҳо дида ба нафъи ҷомеа аст. Аксаран шахси тасмимгиранда дар омади гап мегӯяд, ки бояд ин корро кард ва ниҳодҳои дахлдор ба иҷрои он мепардозанд то ба шахси аввал писанд шаванд. Гумо меравад, ки мансабдорон бештар барои худнамоӣ кор мекунанд, то барои натиҷа".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!