Коронавирус дар Қирғизистон: Тоҷикони муқими ин кишвар чӣ ҳол доранд?

Санҷиши ҳарорати одамон дар роҳҳои Қирғизистон

Дар Қирғизистон 14 ҳолати олуда шудани сокинон ба коронавирус тасдиқ гашта, наздики 3200 нафаре, ки бо ин афрод дар тамос будаанд, зери карантин қарор гирифтанд. Шӯрои амнияти ин кишвар рӯзи 22-уми март пешниҳод кард, ки дар мамлакат вазъи фавқуллода ҷорӣ гардад.

Дар ҳамин ҳол ҷамъияти тоҷикони ин кишвар бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад ва ҳоло ба шароити наве, ки коронавирус эҷод кардааст, мутобиқ мешаванд.

Карантин барои ҳама

Абахон Султонназаров, мудири минтақавии IWPR (Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ) ва шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Бишкек зиндагӣ мекунад, 15-уми март аз Бритониё ба Бишкек баргашт. Ҳангоми омадан ба Бишкек тибқи расмиёт ӯро ба карантини хонагӣ гирифтаанд. “Ман тавассути Истамбул омадам, санҷиш ҳанӯз дар ҳавопаймо оғоз шуд ва пас аз он дар толор ва баъди назорати гузарномаҳо моро вобаста ба кишварҳое, ки омада будем ба категорияҳо тақсим карданд. Аз он ҷо ки Бритониё ба катаегорияи дувуми кишварҳо дохил мешавад, пас аз тафтиш маро ба карантини хонагии таҳти назорати пизишк рухсат доданд”, - нақл мекунад Султонназаров.

Ба гуфтаи ӯ, нишонаҳои сироят дар вуҷудаш нест ва баъди супурдани санҷиш ба ӯ занг назадаанд, то натиҷаҳоро бигӯянд, вале духтури оилавӣ гуфтааст, агар занг назаданд, пас, натиҷа манфӣ аст, яъне шахс бемор нашудааст. Бо вуҷуди ин, мегӯяд ӯ тибқи муқаррароти карантин зарур аст, 14 рӯз дар хона бимонад ва дар реҷаи онлайнӣ кор кунад.

Дар Қирғизистон тибқи омори охирин 14 нафар гирифтори ин беморӣ шудаанд. Се ҳолати нави бемориро субҳи 20-уми март дар ноҳияи Навкати вилояти Ӯши Қирғизистон муайян карданд. Раҳбарияти ноҳия бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии вирус дар ноҳия ҳолати фавқулода эълон кард. Пештар, баъди муайян шудани нахустин сироятшудагон дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод ҳолати фавқулода ҷорӣ шуда буд.

Ҳанӯз то пайдо шудани вирус раҳбарияти ин кишвар чораандешӣ карда буданд. Аз ҷумла, аз 9-уми март баргузории ҳама чорабиниҳои оммавӣ манъ шуда буд. 16-уми март Шӯрои амният ҳамаи мактабҳо ва донишгоҳҳро барои 3 ҳафта таътил кард ва 17-уми март қарор шуд, ки набояд беш аз 50 нафар дар як ҷой ҷамъ шаванд. Натиҷаи чораҳои андешидашударо тоҷикони ин кишвар, ки теъдодашон кам нест низ татбиқ кардаанд.

Касе, ки дарёфт накард, дер монд

Юсуф Сайшарипов, донишҷӯйи соли дувуми Академияи давлатии тиббии Қирғизистон аст. Баъди эълони карантин хонанишин шудааст ва талош мекунад, ки безарурат ба кӯча наравад. “Дар донишгоҳи мо беш аз 50 донишҷӯ аз Тоҷикистон аст, бисёриҳо ба хона рафтанд. Онҳое, ки ҳам фурсат наёфтанд кам нестанд, роҳҳо тавассути Қазоқистону Узбакистон баста шуданд”, - мегӯяд Юсуф.

Аз 19-уми марти соли 2020 бар асари пандемия короновирус COVID – 19 Қирғистон дар рафтуомад ба ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кард. Маҳдудият ба ҷуз ронандаҳои мошинҳои борбар ва ҳайати ҳавопаймоҳо ба ҳамаи касони дигар тааллуқ дорад. ВКХ-и Тоҷикистон аллакай ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд ва онҳое, ки дар ин кишвар қарор доранд ҳангоми зарурат ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Маъмур Бобоҷонов, донишҷӯйи дигари тоҷик, ки дар Бишкек таҳсил мекунад, фурсат ёфт, ки ба Тоҷикистон биравад. “Ман тавассути Ҷиргатол бо мошин омадам ва то 8-уми апрел дар Бохтар мемонам. Зимистон натавонистам, ки ба хона биоям, ҳоло волидайн гуфтанд биё чун ба наздикӣ яке аз наздиконамон тӯй дорад”, - мегӯяд Маъмур Бобоҷонов.

Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон фазо дигар аст ва мактабу донишгоҳҳо дар реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд. Қирғизистонро ҳамчунин донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар Норин таҳсил мекунанд, тарк кардаанд. Ин иттилоъро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ волидони ин донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ тасдиқ карданд. Ба далели набудани хатсайри ҳавопаймо донишҷӯён маҷбур шудаанд, ки бо мошин бираванд.

Аз моҳи октябри соли 2019 парвозҳои самти Душанбе Бишкек пурра қатъ шудаанд ва ягона ширкате, ки дар ин хатсайр парвоз анҷом медод «Avia Traffic Company» қатъи парвозҳоро ба фоидаовар набудани ин хатсайр марбут донист.

Таъсир ба тиҷорат

Ин хатсайрро маъмулан тоҷикони муқими ин кишвар, ки ба хабаргирии хешу табор мерафтанд, сайёҳон, донишҷӯён ва тоҷирони тоҷик истифода мекарданд, ки барои харидани мол ба Бишкек меомаданд. Вазъи дар пайи коронавирус ба амаломада ба ҳама таъсир гузошт, вале аз ҳама беш тоҷирон хисорот дидаанд.

Саидназар, тоҷири тоҷик, солҳост, ки дар бозори «Дордой» ба тиҷорати либос ва ба иҷора додани контейнерҳо сару кор дорад. «Баъди бастани бозор ва марзҳо савдо нест, барои иҷора пул намепардозанд, вале қарзи бонкро бояд супурд”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Ӯ афзуд, ба чунин ҳол ҳамтоёни дигараш аз Тоҷикистону Узбекистон ҳам гирифтор шудаанд, ки пештар аз ӯ мол мегирифтанд ва умедвор аст, ки мушкил ҳал мешавад.

Дар Қирғизистон ҳудуди 60 ҳазор тоҷикони маҳаллӣ ба сар мебаранд, ки бештари онҳо дар ҷануби ин кишвар дар вилояти Бодканданд. Ҷамъиятҳои камтар дар вилоятҳои Ӯшу Чуй ҳам ба сар мебаранд. Дар Бишкек даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аксаран кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва донишҷӯён зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Қирғизистон дар соли гузашта дар донишгоҳҳои ин кишвар 1856 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил кардаанд. Аз рӯйи шумора, донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон баъди Қазоқистону Ҳинд қарор доранд.