Дар ҳоле, ки бисёре аз кишварҳои дунё барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус тадобири сахт рӯи даст гирифта ва чорабиниҳои серодамро манъ кардаанд, дар Тоҷикистон бо ширкати густурдаи мардум чорабиниҳои наврӯзӣ доир мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Афсона Акобиршоева аз чанде аз сокинони шаҳри Душанбе пурсид, ки оё дар чунин шароит Наврузро таҷлил мекунанд ё на?