Меркел: "Коронавирус бузургтарин таҳдид барои Олмон пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аст"

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон

Нахуствазири Олмон паҳншавии вируси коронаро бузургтарин таҳдид барои ин кишвар пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум то кунун донист ва таъкид кард, ки ҳама бояд аз афроди осебпазир дар баробари ин беморӣ, муҳофизат кунанд.

Ангела Меркел рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми март дар суханронии телевизионӣ, ки аз чанд шабакаи хусусӣ ҳам пахш шуд, таъкид кард, "иҷозат бидиҳед, ки бигӯям, ин рухдоди ҷиддӣ аст. Пас онро ҷиддӣ бигиред".

Нахуствазири Олмон сипас бо баёни ин, ки Олмон яке аз беҳтарин низомҳои тандурустиро дар ҷаҳон дорад, гуфт, "аммо агар афроди бисёре дар як давраи кӯтоҳ бемор шаванд, бемористонҳо тавоноии қабули онҳоро нахоҳанд дошт".

Бар асоси оморҳо, то шоми рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми март дар Олмон 11 ҳазору 973 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин назар, ин кишвар дар рутбаи панҷуми ҷаҳон қарор дорад. Тибқи ин гузориш, ҳадди ақал 28 нафар бар асари ин беморӣ дар Олмон ҷони худро аз даст додаанд.

Ангела Меркел дар идома гуфтааст, "афроди гирифтор ба вируси корона танҳо адад ва омор нестанд, балки ҳар кадоми онҳо падар, падаркалон, модар, модаркалон ё шарики зиндагӣ ҳастанд. Онҳо ҳама инсонанд ва мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки ҷони ҳар инсоне барояш аҳамият дорад".

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", шумораи гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон аз 214 ҳазор нафар гузаштааст. Тибқи оморҳо, аз оғози паҳн шудани вирус то кунун беш аз 82 ҳазор гирифторон ба ин беморӣ, шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Олмон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки ҳамоҳангиҳои лозимро бо мақомоти минтақаҳои кишвар барои нигаҳдории беморони ниёзманд, ки ба нигоҳубини хос ниёз доранд, анҷом додааст.

Ангела Меркел ҳамчунин аз мардум хост, ки дар хонаҳо бимонанд, то аз суръати густариши ин вирус пешгирӣ шавад. Хонум Меркел пеш аз ин гуфта буд, ки мумкин аст 60 то 70 дарсади мардуми Олмон ба вируси корона гирифтор шаванд.