Шумораи қурбониёни COVID-19 аз 7500 тан гузашт. Кумакҳои иқтисодӣ барои муқобила бо бӯҳрон

Як пулис дар Олмон. Акс аз бойгонӣ.

Шумораи қурбониёни вируси корона дар ҷаҳон рӯзи 17-уми март аз 7500 нафар гузашта, шумораи гирифторон низ аз 182 ҳазор нафар бештар шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 160 кишвари ҷаҳон бо ин вирус даст ба гиребонанд.

То кунун бар асари ин беморӣ дар Чин 2230 нафар, дар Итолиё 2158 ва дар Эрон 977 кас ҷон бохтанд. Ин се кишвар дар ҷаҳон бештарин шумораи қурбониёни коронавирусро доранд. Аз назари шумораи қурбониён, Испания дар зинаи чаҳорум аст. Дар ин кишвар то ба ҳол 510 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Ҳукумати Амрико ва Испания кумакҳои иқтисодӣ барои муқобила бо паёмадҳои вируси коронаро ироа кардаанд. Доналд Трамп ёрии триллиондоллариро барои муқобила бо паёмадҳои вируси корона, ба Конгресси Амрико пешниҳод кард.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" рӯзи сешанбе ҳам аз ҷудо кардани 100 миллиард евро аз тарафи ҳукумати Испания барои додани қарз ба бахши тиҷоратӣ хабар додааст, то паёмадҳои иқтисодии ин бӯҳронро коҳиш диҳад. Ҳукумати Испания ваъда додааст, 200 миллиард евро кумаки молӣ ва қарз ба бахши хусусӣ, касоне, ки шуғли худро аз даст дода ва ҳамчунин барои қишри коргар, ҷудо мекунад.

Дар Амрико низ шумораи қурбониён ба 97 нафар расидааст. Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, баъд аз ҳушдори мақомоти маҳаллии Сан-Франсиско, кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр, ки 7 миллион аҳолӣ дорад, тақрибан аз мардум холӣ аст. Мақомот ҳушдор додаанд, ки шаҳрвандон танҳо барои дарёфти ашёи зарурӣ аз хона берун шаванд. То ба ҳол дар иёлати Калифорния ҳафт нафар бар асари вируси корона ҷон бохтаанд.

Дар Ҷануби Осиё, ҳукумати Ҳинд дастур дод, ки Тоҷмаҳал -- яке аз муҳимтарин марказҳои сайёҳии ин кишвар, ба рӯи ҳама баста шавад. Мақомот дар шаҳри Мумбай (Бомбай) дастур додаанд, ки мардум бе зарурат аз хонаҳо берун нашаванд ва кормандон аз хонаҳо кор кунанд.

То кунун дар Ҳинд 126 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, ки аз чор як ҳиссаи онҳо дар Мумбай ҳастанд. Дар шаҳри Деҳлӣ тадбирҳои сахт барои пешгирӣ аз коронавирус рӯи даст гирифта шудааст, ки яке аз онҳо қатъи судури виза ба хориҷиҳо аст. Ҳукумати Ҳинд ҳамчунин бисёре аз ибодатгоҳҳо, маконҳои сайёҳӣ ва осорхонаҳои кишварро баста ва дар мактабҳо таътил эълон кардааст.

Шри-Ланка -- ҳамсояи Ҳинд мегӯяд, парвозҳо ба хориҷро барои ду ҳафта қатъ мекунад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Ҳинд низ чунин тасмим гирифтаанд.

Покистон -- ҳамсояи дигари Ҳинд низ, ки ахиран ба хотири карантини номуносиби афроди машкук ба корона, боиси авҷгирии ногаҳонии шумораи гирифторон ба ин вирус дар марзи Эрон шуда буд, мегӯяд, рӯзи сешанбе шумораи мубталоён ду баробар шуд ва ба 238 нафар расид.

Мақомоти иёлати Синд, ки шумораи гирифторон ба коронавирус дар Покистон аз ҳама бештар дар онҷо аст, дастур додаанд, ки то 15 рӯзи оянда ҳамаи фурӯшгоҳҳо ва каҳвахонаҳо дар шаҳри Карочӣ -- сераҳолитарин шаҳри ин кишвар, баста бимонанд.

Дар Афғонистон низ 22 нафар ба ин вирус мубтало ҳастанд. Рӯзи душанбе 38 афғоне, ки аз Эрон баргашта буданд, қарантин шуданд, аммо тибқи гузоришҳо, онҳо бо шикастани тирезаҳои бемористон, фирор кардаанд. Гирифтории ҳади ақал яке аз онҳо ба коронавирус собит шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!