Муборизаи 10 даста барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон

Дар мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дастаҳои “Кӯктош”-и Рӯдакӣ дар гурӯҳи “А”, “Файзканд”-и Восеъ дар гурӯҳи “Б” ва ССКА-и Душанбе дар гурӯҳи “В” пешсафанд.

«Кӯктош» дар гурӯҳи “А” бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 1:0 ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. «Хатлон»-и Бохтар бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, вале дар даври дувум аз «Душанбе-83» бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Дар гурӯҳи «Б» як бозӣ барпо гардид. Дастаи нави лигаи олӣ - «Файзканд»-и Восеъ - ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 9:3 шикаст дод.

Дар гурӯҳи «В» ҳайати эҳтиётии «Хуҷанд» ҳарду бозиро ба ССКА бо ҳисоби 0:6 ва «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 0:1 бохт.

Тибқи дастури Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз гурӯҳи «А» ду даста ва аз гурӯҳҳои «Б» ва «В» якдастаӣ ба нимфинал роҳ пайдо мекунанд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 0:1

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Даври 2-юм

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Кӯктош»

2

2

0

0

4-2

6

2

«Хатлон»

2

1

0

1

2-2

3

3

«Душанбе-83»

2

1

0

1

1-1

3

4

«Регар-ТадАЗ»

2

0

0

2

3-5

0

Гурӯҳи«Б»

Даври 2-юм

«Файзканд» – «Истиқлол» – 9:3

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Файзканд»

1

1

0

0

9-3

3

2

«Истаравшан»

0

0

0

0

0-0

0

3

«Истиқлол»

1

0

0

1

3-9

0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

«Хуҷанд» – ССКА – 0:6

Даври 2-юм

«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 1:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

ССКА

1

1

0

0

6-0

3

2

«Локомотив-Помир»

1

1

0

0

1-0

3

3

«Хуҷанд»

2

0

0

2

0-7

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

14 март (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83». Варзишгоҳи «Баҳористон»

10:30 – «Истаравшан» – «Файзканд». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

14:30 – «Хатлон» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон»

14:30 – ССКА – «Локомотив-Помир». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

Бозии даври 1-ум

15 март (якшанбе)

10:30 – «Истиқлол» – «Истаравшан». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

Нимфинал

16 март (душанбе)

1 «А» – 1 «Б»

1 «В» – 2 «А»

18 март (чоршанбе)

10:30 – Бозӣ барои ҷойи севум. Варзишгоҳи Бонки миллӣ

14:30 – Финал. Варзишгоҳи «Баҳористон»