Чораҳои пешгирӣ аз сирояти вируси хатарноки КОВИД-19 дар остонаи ҷашни имсолаи Наврӯз ба фазои идона дар пойтахти Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Ҳарчанд дар марказии шаҳри Душанбе намо ё муҷассамаи суманак, ғизои асосии наврӯзиро гузоштаанд, дар маконҳои баргузории ид ва боғҳои фароғатии пойтахт ҳанӯз мардуми зиёд ба назар намерасанд.
Сокинони Тоҷикистон одатан иди Наврӯзро берун аз хона ва дар боғу гулгашт ва маконҳои наврӯзӣ таҷлил мекунанд. Имсол мақомот ба сокинон тавсия доданд, ки ҷашнро дар ҳалқаи хонавода ва дур аз таҷаммӯи зиёди одамон ҷашн гиранд, то аз хатари сирояти коронавирус эмин бошанд.
Ибодат Солеҳова, сокини 64-солаи ноҳияи Рашт, ки ҳар сол барои таҷлили Навруз бо аҳли оилааш ба пойтахт меомад, гуфт, имсол ҷашни асосиро дар ҳудуди ноҳия ва хонааш таҷлил мекунанд. "Дар ноҳияи Рашт низ омодагӣ мебинанд. Умед дорем, ки пойи вирус то ба Тоҷикистон намерасад ва мо иду ҷашнҳои худро мисли пешина бошукӯҳ таҷлил мекунем",-гуфт ӯ дар суҳбати телефонӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қомат афрохтани намои сунамаки 30-метрӣ дар маркази пойтахт имсол таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кардаву як мавзӯи суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам шудааст. Аммо гирду атрофи он ба монанди арчаи соли навӣ пуродам нест.
Аксбардорон дар майдони Исмоили Сомонии Душанбе мегӯянд, ки солҳои гузашта дар ин шабурӯз, ба қавле, кор меҷӯшид, вале ҳоло дар атрофи муҷассама суманак чашм ба роҳи муштарӣ нишастаанд.
Шер Муродов 16 сол боз дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ акс мегирад. Муштариёни ӯ асосан сокинони ноҳияҳои дурдасти кишвар ҳастанд, ки ҳамроҳи хонаводаҳои худ ба тамошои пойтахт меоянд ва барои хотира акс мегиранд.
"Дар ҳамин қадар сол бори аввал мебинам, ки дар остонаи Наврӯз ба инҷо одами кам меояд. Шояд ба хотири коронавирус бошад, чун тамоми кишварҳо чораҳо меандешанд",-гуфт ӯ.
Ҳафтаи пеш мақомоти Тоҷикистон тамрини роҳпаймоӣ ё "маршировка"-и донишҷӯёнро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи имсола қатъ карданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 4-уми март гуфт, ин кор бо ҳадафи "худдорӣ аз харҷи маблағҳо" ва "пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19)" гирифта шуд.
Вале бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, тамрини хонандагону донишҷӯён барои иштирок дар ҷашни асосии Наврӯз дар Хуҷанд ҳанӯз идома дорад. Баъзе аз корбарон навиштанд, ки дар Бохтар низ айни ҳолатро дидаанд.
Замира Мирзоева, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, шароит барои бошукӯҳ ҷашн гирифтани Наврӯз ҳаст, "вале саломатии инсонҳо низ муҳим аст. Хуб аст, ки аз баргузории чорабиниҳо бо иштироки мардуми зиёд пешгирӣ мекунанд."
Вируси нави хатарнок моҳи декабри соли 2019 дар Чин кашф шуд ва то кунун дар ҷаҳон беш аз 120 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд. Ин вирус боис ба марги беш аз чаҳор ҳазор нафар шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар ҳеҷ мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Ба иттилои вазорат, то кунун беш аз якуним ҳазор нафаре, ки аз Чину Кореяи Ҷанубӣ, Итолиё ва Эрону Афғонистон омаданд, зери назорати пизишкон карор гирифтанд. Ҳоло 436 нафар дар каратин қарор доранд.
Як манбаъ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ҷашни байналмилалии Наврӯз мисли солҳои гузашта бо ҳузури зиёди мардум таҷлил нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, ҳатто дақиқ нест, ки имсол ҷашни асосии Наврӯз баргузор мешавад ё не. Қарор буд, ҷашни асосии Наврӯзи имсола рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон" дар Хуҷанд ва бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар баргузор шавад.
Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид соли 2016 дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳрасти Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ "таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ"-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад.
Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!