Фаъолони мадании шаҳри Маскав шаби дувум аст, пайиҳам зидди тағйироте ба Конститутсияи Русия тазоҳуроти алоҳида баргузор мекунанд, ки ба раисҷумҳур Владимир Путин имкон медиҳад, пас аз соли 2024 низ президент интихоб шавад.
Бино ба иттилои "МБХ медиа", дар тазоҳуроти ба гуфтаи фаъолони рус, зидди "ғасби қудрат аз сӯи Путин", беш аз 100 нафар иштирок доштанд.
Ин гуна тазоҳурот 11 март, рӯзона дар назди муҷассамаи Владимири пойтахти Русия низ баргузор шуда буд. Ба иттилои нашрияи "Коммерсант", дар маҳалли ҳодиса даҳҳо корманди пулис, се автобус ва ду мошини сабукрав дида мешуд. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ маълумоти шиносномаҳои иштирокдоронро барои худ қайд мекарданд.
Думаи давлатии Русия 11 март тағйирот ба Конститутсияро қабул кард, ки маҳдудияти мансабдорони баландпоя, густариши салоҳиятҳои порлумон, кафолатҳои иҷтимоӣ ва авлавияти қонунҳои миллиро ба созишномаҳои байналхалқӣ мадди назар дорад. Дар матни тағйироти Конститутсияи Русия номи Худо низ зикр шудааст. Тағйирот инчунин тақсими ҳудуди кишвар ва даъват ба онро низ манъ мекунад.
Ҳамчунин пешниҳоди вакили Думаи давлатӣ Валинтина Терешкова дар бораи ба сифр баробар кардани муҳлати президентии Владимир Путин қабул шуд. Ин тағйирот ба Владимир Путин имкон медиҳад, ки барои давраи нави президентӣ дар соли 2024 низ номзад шавад.
Давраи президентии Путини 67-сола дар соли 2024 ба охир мерасад ва бино бар Қонуни асосии Русия вай дигар ҳақ дошта наметавонист, номзади раёсатҷумҳурӣ шавад. Вале тағйире, ки ба ин қонун ворид карда шуд, акнун барояш имкон хоҳад дод, аз соли 2024 сар карда боз ду давраи дигар президенти Русия бошад.