Бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" бе ҳузури мухлисон мегузарад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бе тамошобин баргузор мешавад. Дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 10-уми март дар Душанбе, дар меҳмонхонаи “Taj Palace”, бо ҳузури масъулини AFC ва Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода шуд. Cармураббиёни ҳарду бошгоҳро ин ҳолат нигарон кардааст.