Аз Каромат Шарипов хостаанд, 500 ҳазор рубли Русияро баргардонад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Русия аз Каромат Шарипов, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик хостаанд, беш аз ним миллион рубл нафақаи дар ду соли ахир гирифтаашро баргардонад. Каромат Шарипов, ки соли 2017 бо гуноҳи риоят накардани қонунҳои муҳоҷирати Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, мегӯяд, ки ин талаб беасос аст.