"Кӣ ба ҷои ман имзо гузошт?" Интихобот аз нигоҳи шаҳрвандон. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар оғози ҳафта натиҷаҳои интихоботи порлумонии 1-уми мартро эълон кард. Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва чанд ҳизби дигар, ки ба Маҷлиси Намояндагон роҳ ёфтанд, натиҷаҳоро хуб пазируфтанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ягона нирӯи мухолиф дар ин интихобот, гуфт, натиҷаҳоро қабул намекунад, чун онро олуда ба тақаллуб медонад. Ба иттилои мақомот, ин ҳизб гӯиё тақрибан ним дарсад раъйи мардумро ба даст овардааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсид, ки оё аз натиҷаҳои эълоншудаи интихобот розӣ ҳастанд, ё не? Посухҳоро дар видео бинед.