Занони афғон аз паёмади созиш бо Толибон ҳарос доранд. ВИДЕО

Занони афғон. Акс аз бойгонӣ

Занон дар Афғонистон ҳарос доранд, ки созиши сулҳ бо Толибон озодиҳои онҳоро маҳдуд мекунад.

Баъд аз имзои созишномаи сулҳи миёни Амрико ва Толибон, ки ҳадафаш хотима додан ба ҷанги 19-сола дар Афғонистон аст, занҳои зиёде ба ин боваранд, ки бо омадани ин гурӯҳи ҷангҷӯ озодиҳо дар кишвар аз даст мераванд. Ҷунбиши ифротии Толибон солҳои 1996-2001 дар Афғонистон дар сари қудрат буд.

Ҳасиба Муштоқ донишҷӯ аст. Ӯ мегӯяд, "дар аҳди Толибон ҳеч зан ё духтаре ҳақ надошт, ба мактаб равад. Аз ҳамин хотир, ҳарос дорем, ки бозгашти Толибон боиси аз даст рафтани ҳуқуқи мо ба таҳсил мешавад".

Намояндагони Амрико ва Толибон рӯзи 29-уми феврал созиши сулҳро дар Қатар имзо карданд. Ин созиш ҷадвали хуруҷи нирӯҳои Амрикоро аз Афғонистон баъди 19 соли ҷанг таъин кардааст.

Ҳалима Салимӣ, раиси шабакаи "Занони Ҳирот" мегӯяд, "ба фикри ман, созиши Амрико ва Толибон бештар манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Толибонро ҳимоят мекунад, на ҳуқуқи ҳукумат ва мардуми Афғонистон, бахусус занонро."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Занони афғон аз паёмади созиш бо Толибон ҳарос доранд

Созиши имзошуда роҳи гуфтугӯи мустақими миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибонро мекушояд. Занҳои Афғонистон мегӯянд, назари онҳо ҳам бояд ба эътибор гирифта шавад.

Ҷамила Биҷио аз Шӯрои равобити хориҷӣ мегӯяд, "умед ин аст, ки ҳукумати Афғонистон ва ҳайати фарогире, ки онҳоро сари мизи музокирот бо Толибон менишонанд, барои баррасии як созиши сиёсӣ ба хотири ҳимояти ҳуқуқи занон барпо мешавад. Толибон ишора кардаанд, ки ҳуқуқи занҳоро барои таҳсил ва кор ҳимоят мекунанд".

Вале Толибон аз ҳузури якҷояи мардону занон ҳушдор додаанд ва ҷангҷӯёни Толибон ба мактабҳои духтарона ҳамлаҳо анҷом додаанд.

Ҷамила Биҷио аз Шӯрои равобити хориҷӣ мегӯяд, "мо бояд шартҳое гузорем, ки Толибон бояд бо ҳуқуқи занон мувофиқат кунанд ва агар онҳо ин шартҳоро иҷро накарданд, ҳукумати Афғонистон ва дигарҳо метавонанд дигар созишномаҳову мувофиқаҳоро, ки дар чаҳорчӯби мувофиқаи сиёсӣ ҳосил шудааст, бекор кунанд".

Муколамаи мустақими миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон қарор аст 10-уми март оғоз шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!