Навбат барои орд дар Тоҷикистон, дар пасманзари нигарониҳо аз коронавирус

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 4-уми март чанд корбари Радиои Озодӣ аз шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ навор фиристоданд, ки дар онҳо навбати сокинон барои харидани орд ва маводи дигари хӯрокворӣ тасвир ёфтааст. Онҳо мегӯянд, мардум аз хабарҳо дар бораи коронавирус нигаронанд. Ин вазъият замоне рух дод, ки рӯзи чаҳоршанбе мақомот бо судури қарор намозгузорӣ дар масҷидҳо ва тамрини роҳпаймоии донишҷӯён барои ҷашни имсолаи Наврӯзро муваққатан манъ карданд. Дар ҳарду ҳолат гуфта шуд, ки ҳадаф пешгирӣ аз сироят ёфтан ба вируси хатарнок аст. Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 4-уми март гуфтанд, то ҳол дар кишвар ягон мавриди гирифтор шудан ба вируси нав сабт нашудааст ва аз мардум хостанд, ба воҳима наафтанд. (Наворҳо аз корбарон аст)