Манъи муваққатии намози дастҷамъӣ дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон "ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус", қарор кард, муваққатан аз хондани намоз дар масҷидҳои ҷомеъ, масҷидҳои панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо худдорӣ шавад. Бино ба қарори Шӯрои уламо, ки 4-уми март эълон шуд, танҳо ба намози ҷаноза дар масҷидҳо иҷоза ҳаст.