Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Ҳиндустон доир намегардад

Дастани мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон.

Бозиҳои дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон, ки мебоист рӯзҳои 13-ум ва 15-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешуд, лағв гардид. Дар ин бора сомонаи english.newstracklive.com имрӯз, 4-уми март, хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Ҳиндустон мебоист рӯзи 5-уми март барои ширкат дар ду бозии дӯстона озими Тоҷикистон мешуд, вале сафари наврасони Ҳиндустон ба Тоҷикистон ба иллати коронавирус лағв шуд.

Манбаъ мегӯяд, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як нома, ки ба Федератсияи футболи Ҳиндустон фиристодааст, навиштааст, ки тибқи дастурҳои ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандон аз 35 кишвар, аз ҷумла Ҳиндустон, бинобар вазъи пешомада ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

Масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон низ рӯзи 4-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид карданд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ин ду бозиро дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад, ба нақша гирифта буд.

Маркази паҳншавии коронавирус кишвари Чин мебошад. Сироятшудагони коронавирус дар ҷаҳон аллакай ба беш аз 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин шумора бештар аз 3 ҳазорашон ҷони худро аз даст додаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!