Нахуствазири Булғористон Брюсселро ба "напардохтани" ҳаққи Туркия муттаҳам кард

Марзи байни Юнону Туркия

Нахуствазири Булғористон Бойко Борисов рӯзи 2 март, баъди афзоиши танишҳо дар Сурия, ба интиқодҳои президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамроҳ шуда, дар шикасти созиши муҳоҷирати соли 2016 Иттиҳоди Аврупоро гунаҳгор кард. Ин ду раҳбар дар Анкара баъди баррасии тасмими Туркия оид ба боз кардани сарҳади Иттиҳоди Аврупо ба рӯи муҳоҷирон бо журналистон сӯҳбат карданд.

Эрдуғон аз тасмими ба гуфтааш, “боз кардани дарвозаҳо” ба рӯи муҳоҷирон ҳимоят кард ва Иттиҳоди Аврупоро гунаҳгор кард, ки аз ироаи маблағҳои ваъдагӣ дар ҳаҷми 6 миллиард евро (муодили 6,68 миллиард доллар) ба Туркия ба хотири ташкили сарпаноҳ ба 4 миллион паноҳандаи суриягӣ худдорӣ мекунад.

Бойко ва Эрдуғон. 2 март, Анкара


Эрдуғон гуфт, “мо 40 миллиард евро (44,54 миллиард доллар) сарф кардем. 6 миллиард доллари ваъдагиро онҳо (Брюссел) надоданд”. Ӯ афзуд, “ҳоло мегӯянд, ки 1 миллиард (евро) медиҳанд. Киро фиреб мекунед? Мо дигар ин пулро намехоҳем. Мо ин маблағро пайдо мекунем”.

Бойко Борисов гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо барои ироаи ин маблағ ба Туркия овоз дода буд. “Ман намефаҳмам, ки чаро ин пулҳо дода нашуданд?”, гуфт ӯ.

Комиссиюни Аврупо пойфишорӣ мекунад, ки ин пулҳоро мустақим ба дасти ҳукумати Туркия ирсол накарда, балки аз роҳи созмонҳои маданиву хайрияи ёрирасони муҳоҷирон пардохт кардааст.


Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аломат дод, ки дар солҳои оянда чандин миллиард евроро ба ин ҳадафҳо пардохт хоҳад кард ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки хостори бунёди манзил барои муҳоҷирон дар қитъаҳои марзии Сурия мебошад, ки таҳти назари Туркия қарор доранд.

Ин ҳама гуфтумонҳо дар ҳолест, ки дирӯз мақомоти Туркия бо пахши хабаре гуфтанд, 18 ҳазор муҳоҷир аллакай хоки Иттиҳоди Аврупоро убур кардааст.

Эрдуғон дар ин замина гуфт, ки “тахминан 1,5 миллион нафар хонаҳои худро дар Идлиб тарк карда наздик ба марзи Туркия расидаанд. Мутаассифона, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сангинии ҳолатеро, ки Туркия дар ин қариб нӯҳ соли охир дорад, дарк намекунанд”.

Меркел дар вокуниш ба ин гуфт, ки иқдоми Туркия “ғайри қобили қабул аст” ва Комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури муҳоҷират Маргаритис Шинас гуфт, ки “касе Иттиҳоди Аврупоро шантаж ё тарс дода наметавонад”. Дафтари Эрдуғон инчунин рӯзи 2 март гуфт, ки бо Меркел телефонӣ ҳамсӯҳбат шуд ва гуфт, ки Аврупо бояд “як бахши одилонаи сангинии бори” муҳоҷиронро ба дӯш дошта бошад.

Ӯ ҳушдор дод, ки муҳоҷирони бештар, аксар аз Афғонистон, Сурия ва Ироқ ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ҳаракат хоҳанд кард.

Туркия дар фикри гирифтани пеши роҳи мавҷи азими муҳоҷирон аз Сурия аст, чун дар он ҷо артиши давлатӣ бо пуштибонии нирӯҳои ҳавоии Русия талош доранд пойгоҳи охирини шӯришиён дар Идлибро ишғол кунанд.

Муҳоҷирон дар марз бо Юнон


Ҳушдорҳои ахири президенти Туркияро дар Ғарб бархе ҳамчун “таҳдидҳои хушку холӣ” арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, вебсайти таҳлилии The Foreign Policy мегӯяд, ки тасмими Туркия дар заминаи иҷоза додан ба убури марзи Иттиҳоди Аврупо кардани муҳоҷирон “фишороварӣ болои раҳбарони ИА барои дасти ёрӣ дароз кардан ба Анкара дар мубориза бар зидди Башор Асадро ҳадаф қарор додааст. Вале ин кор намекунад”.

Ин нашрия мегӯяд, ки Анкара чандин бор аз режими Башор Асад тақозо кард, ки нирӯҳоро аз Идлиб берун кашад, ки бар асоси созиши соли 2018-и Сочӣ миёни Туркия ва Русия, як минтақаи ғайриҷангӣ ҳисоб мешавад. The Foreign Policy мегӯяд, дар ҳоле, ки чунин иқдоми Эрдуғон Туркияро дар ҳолати музокира қарор медиҳад, ба ҳеҷ сурат ба манфиати муҳоҷирон нест. Ҳатто агар Туркия марзҳояшро боз кунад, ин хабар муҳоҷиронро гумроҳ мекунад, чунки Юнон дар амри ҷилавгирӣ аз убури муҳоҷирон бисёр қотеъ аст ва нахуствазири ин кишвар гуфт, ки “вуруди ғайриқонунӣ таҳаммул намешавад”.

Як муҳоҷирбачаи суриягӣ бо номи Муҳаммад ба ин расона гуфтааст, ки ҳамроҳ бо янгаашу се фарзанди ӯ шаби 28 ба 29 феврал зери борон дар марзи Туркияву Юнон мунтазир монданд, вале касе ба рӯи онҳо дарро боз накард. Муҳаммад гуфт, ки давоми се соли охир дар Туркия буданд ва набуди кору даромад, бемориву эҳтиёҷ, набуди ғизо онҳоро хеле азият кардааст ва ба умеди зиндагии беҳтар орзу доранд дар Аврупо паноҳанда шаванд.

Муҳоҷирон дар пушти симхори марзи Юнон таҷаммӯъ кардаанд


Хабарнигорони мустақили турк гуфтанд, ки дар марз бо Юнон ҳудудан чор ҳазор муҳоҷирон дармонданд ва дертари он рӯз Идораи паноҳандагони СММ омада ба онҳо ғизо тақсим кард. Таҳлилгари аршади Шӯрои Аврупо Аслӣ Айдинтош мегӯяд, ки “истифодаи муҳоҷирон ба унвони гаравгон ба обрӯи Туркия ва равобиташ бо ИА осеб мерасонад”.

Нашрияи амрикоии The New-York Timesрӯзи 2 март аз марги нахустин муҳоҷири қурбонии изҳороти баҳсбарангези Эрдуғон хабар дод. Як сарҳадбони юнонӣ гуфтааст, қаиқе бо 48 муҳоҷир ҳангоми талоши расидан ба сарҳадҳои ҷазираи Лезбоси Юнон ба об чаппа ва дар натиҷа як кӯдак ғарқ шуд.

Рӯзҳои истироҳат мақомоти Юнон Туркияи ҳамсояро дар он гунаҳгор карданд, ки “худаш як қочоқбар” шудааст ва гуфт, ки дар давоми як моҳи баъдӣ қабули аризаҳо барои дарёфти мақоми паноҳандагиро қатъ мекунад ва ҳама афроди ғайриқонунӣ воридшударо бозпас мефиристад. Нашрия менависад, ки ҳеҷ як аз ин қарор ҷавобгӯи қонунҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам сиёсатҳои байналмилалии ҳимоят аз паноҳандагон нест, вале дар ҳолатҳои изтирорӣ бархе истисноҳо вуҷуд дорад. Вале ҳоло, ба навиштаи ин нашрия, муҳоҷирони хашмгину норозӣ дар пушти симхори марзи Юнон бо Туркия бо ҳам задухӯрд карда, полис барои хомӯш кардани онҳо аз гази ашковару тири резинӣ истифода кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!