Охирин омодагиҳо ба интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Дар аксар нуқтаҳои раъйдиҳӣ охирин омодагиҳо ҷараён дорад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, дар саросари кишвар тақрибан 3500 қитъаи овоздиҳӣ аз соати 6-и субҳ то 8-и шом фаъол хоҳад кард. Рақобат барои 63 курсӣ байни беш аз 200 номзад сурат мегирад. Тафсилотро дар видео бинед.