Поёни боз як давраи панҷсолаи порлумони Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии порлумон кори панҷсолаи онро ситоиш кард. Ӯ рӯзи 28-уми феврал, ҳангоми суханронии охирин ба ҳайси раиси порлумон, гуфт: "Фаъолияти Маҷлиси Намояндагон комилан касбӣ буд". Баръакси он ки мухолифон кори ҳайати ҳозираи порлумонро чашмрас намедонанд ва онҳоро бештар барои сукут дар баробари мушкилоти мардум танқид мекунанд.