Зоирони тоҷик дар роҳ ба сӯи Ҳаҷҷи Умра дар Дубай дармондаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

48 шаҳрванди Тоҷикистон, ки нияти Ҳаҷҷи Умраро доштанд ва дар роҳ ба сӯйи Арабистони Саудӣ буданд, дар шаҳри Дубай дармондаанд. Мақомоти Саудӣ рӯзи 26-уми феврал барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус вуруди зоиронро ба қаламравашро ​манъ кард.