Арабистон аз тарси вирус хост, зойирон ба Маккаву Мадина наоянд

Сайёҳон дар Италия. 24 феврал, 2020.

Арабистони Саудӣ рӯзи чоршанбеи 26-уми феврал ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, ба таври муваққатӣ вуруди афрод ба ин кишварро барои адои Ҳаҷҷи умра ва зиёрати Масҷиди паёмбар, манъ кард.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ бо нашри як паём дар "Твиттер", ҳамчунин вуруди афрод бо визаи сайёҳӣ аз кишварҳоеро, ки ҳамакнун вируси корона дар онҳо таҳдид ба шумор меравад, мамнӯъ кард.

Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ айни замон аз шаҳрвандони худ хостааст, ба кишварҳое, ки ҳамакнун вируси корона дар онҷо паҳн шудааст, сафар накунанд.

Кишвари Арабистони Саудӣ, ки Макка ва Мадина -- ду макони муқаддас барои мусалмонон дар он ҷойгир ҳастанд, ҳамасола мизбони миллионҳо мусалмон аст ва авҷи сафари онҳо ба мавсими Ҳаҷҷ рост меояд. Саудӣ соли гузашта барои 49 кишвар визаи нави сайёҳӣ пешниҳод кард.

Ҳарчанд Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки ин тадбир муваққатист, аммо замони муайяне барои поёни он таъйин накард. Ҳоло маълум нест, мавсими Ҳаҷҷ, ки дар авохири моҳи июл оғоз мешавад, таҳти таъсири паҳншавии коронавирус қарор хоҳад гирифт ё на.

Дар подшоҳии Арабистони Саудӣ то ҳанӯз ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо дар шуморе аз кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Кувейт, Ироқ, Баҳрайн, Умон Имороти Муттаҳидаи Араб ва Эрон ин беморӣ паҳн шудааст.

Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳам ҳазорҳо нафар ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати ҷойҳои муқаддас сафар мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор нафар ба ҳаҷ рафтанд. Дар мавсими ғайри ҳаҷ ҳам садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои Ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

"Олимпиадаи Токио-2020 метавонад баргузор нашавад"

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегӯяд, агар доир намудани Олимпиадаи Токио ба иллати хуруҷи коронавирус хеле хатарнок бошад, эҳтимол дорад, ки ташкилкунандагон аз гузаронидани он умуман даст кашанд, на онро ба таъхир мегузоранд ва на ба макони дигар интиқол медиҳанд. Дар ин бора узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) Дик Пунт дар мусоҳиба бо оҷонсии "Aссошиэйтед Пресс" хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, боз се моҳи дигар аст, ки тақдири Бозиҳоро дар Токио ҳал кунанд. Созмондиҳандагони Олимпиада бояд сатҳи амниятро афзоиш дода, хатари сирояти коронавирусро коҳиш диҳанд. Ин масъули Кумитаи байналмилалии олимӣ гуфтааст, тасмими баргузории Бозиҳо инчунин аз машварат бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бастагӣ хоҳад дошт. Оқои Пунт ҳамзамон варзишгаронро ба идомаи тамрин ташвиқ кард.

Дар Бозиҳои олимпӣ ширкати тақрибан 11 ҳазор нафар ва дар Бозиҳои Паралимпӣ 4,4 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудааст. Инчунин хабар дода мешавад, ки интиқоли Олимпиада ба шаҳри дигар аз эҳтимол дур аст, зеро дар ҷаҳон ҷойҳои кам мавҷуданд, ки имкон дошта бошанд ҳама шароитро барои баргузории Бозиҳо дар муддати кӯтоҳ омода созанд.

Доманаи вирус аз Осиё то Аврупо ва Амрико

Вазорати тандурустии Эрон аз афзоиши гирифторон ба вирус дар ин кишвар хабар дод. Тибқи иттилои мақомоти Эрон, то рӯзи 26-уми феврал дар ин кишвар 19 нафар бар асари коронавирус ҷон бохта, 139 тани мубтало шудаанд.

Каёнуш Ҷаҳонгир, сухангӯи вазорати тандурустии Эрон гуфтааст, ки мавридҳои нави коронавирус дар Қум, Гелон, Теҳрон, Хузистон, Систон ва Балуҷистон, Кирмоншҳ, Ардабил, Луристон, Самнон ва Ҳурмузгон сабт шудааст. Оқои Ҷаҳонгирӣ аз мардум хостааст, ки аз "сафарҳои ғайризарурӣ" худдорӣ кунанд.

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст, ки барои назорати вирус дар ин кишвар аз як то се ҳафта зарур аст. Оқои Рӯҳонӣ ҳамзамон гуфтааст, ки барномае барои карантин кардани шаҳрҳо надоранд.

Вазири тандурустии Гурҷистон Екатерина Тикарадзе гуфтааст, нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар сабт шуд ва як марди 50-сола, ки рӯзи 25-уми феврал аз Эрон тавассути Озарбойҷон баргашт, ба ин беморӣ мубтало шудааст.

Арманистон рӯзи 26-уми феврал бо як парвози махсус 26 тан аз шаҳрвандонашро аз Эрон берун овард.

Дар Покистон, Зафар Мирзо, сарпарасти вазорати тандурустии он кишвар рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки ду мавриди гирифторӣ ба вируси корона дар ин кишвар таъйид шудааст. Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, ин ду фарди гирифтор ба коронавирус, ахиран ба Эрон сафар карда буданд. Тибқи гузоришҳо, Покистон тадбирҳоро барои муқобила бо вирус дар минтақҳои марзӣ бо Эрон сахттар кардааст.

Дар Фаронса рӯзи 26-уми феврал як марди 60-сола бар асари ин вирус ҷон бохт. Ҳоло дар Фаронса 17 ҳолати дигари гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст.

Ба ҷуз Эрон, Италия кишвари дигаре ҳаст, ки чун Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.

То рӯзи 26-уми феврал дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 12 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, 374 тани дигар гирифтор шудаанд. Ахиран як зан дар Македония, ки аз Италия баргашта буд, ба ин беморӣ гирифтор шуд.

Дар кишварии арабии Кувейт рӯзи 26-уми феврал 7 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. Бисёре аз кишварҳои минтақа ва берун аз он дар сафар ба Эрон маҳдудиятҳо ҷорӣ карданд. Қазоқистон, ки дар он ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, тасмим дорад сар аз 1-уми март парвозҳо ба Эронро қатъ кунад.

Мақомоти Русия ҳам ба шаҳрвандони ин кишвар машварат додаанд, ки аз сафар ба Эрон, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ худдорӣ кунанд.

Оморҳои ахир нишон медиҳад, ки шумораи гирифторшудагон ба вируси нав дар тамоми ҷаҳон аз 81 ҳазор нафар бештар шудааст ва беш аз 2700 тан ҷон бохтаанд. Ин вирус соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он вақт то ба ҳол дар ҳудуди 40 кишвари дунё паҳн шудааст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба "пандемияи имконпазир" ё гирифторшавии фарогири вирус, омода бошанд. Ин созмон дар гузориши ахири худ гуфтааст, гирифторшавӣ ба вируси нав берун аз Чин асосан дар кишварҳои Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Итолиё зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!